КДАМ Тоҷикистон зиёни моддии Шаҳбол Мирзоевро пардохт мекунад

Date:

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) ба пардохти маблағи ҷубронпулии сарбоз Шаҳбол Мирзоев тасмим гирифт.

Баъди чандин маротиба муроҷиат кардан, Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии Кумита имрӯз 18 декабр аз ҷониби ҷабрдида дархост намудааст, ки барои ирсол намудани маблағ мувофиқи қарори суд рақамҳои суратҳисоби Шаҳбол Мирзоевро пешниҳод намоянд.

Тавре дар сомонаи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо истинод ба адвокати ҷабрдида Гулчеҳра Холматова дар ин робита зикр мегардад, ирсоли маблағ тибқи Варақаи иҷрои ҳукми Суди ҳарбии гарнизони Душанбе, ки Раёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистонро барои пардохти пурраи маблағи муйяншудаи ҷуброни зарари моддиву маънавӣ уҳдадор карда буд, сурат мегирад.

Гуфта мешавад, қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон қаблан ҳатто розӣ набуданд ин маблағи ҷубронро пардозанд. Сардори маркази матбуотии Сарраёсат Муҳаммад Улуғхоҷаев он вақт хабар дода буд, ки роҳбарияти қӯшунҳои сарҳадӣ бо ҳукми суд розӣ нест ва ният дорад аз болои он шикояти кассатсионӣ пешниҳод намояд.

Ёдрас мекунем, ки суди ҳарбии гарнизони Душанбе рӯзи 22 ноябри соли 2016 оид ба ин мурофиа Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистонро ба пардохти 36 ҳазор сомонӣ ба сифати зиёни моддӣ ва 4 ҳазор сомонӣ барои зарари маънавӣ (ҷамъ 5 ҳазор доллари ИМА бо қурби ҳозира) ба Шаҳбол Мирзоев уҳдадор карда буд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...