Равуо дар нақлиёт, аз ҷумла маршруткаҳо ба нафақахӯрони аз 75-сола боло бепул мешавад

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, равуо дар ҳама гуна навъҳои нақлиёти ҷамъиятӣ барои нафақахӯрони синни аз 75-сола боло бепул мешавад. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, ин қарор бо мақсади дастгирии моддӣ-маънавии нафақахӯрони синну солашон аз 75 боло бо инобати қарори маҷлиси васеи роҳбарону масъулини корхона ва ҷамъиятҳои нақлиётии шаҳри Душанбе қабул […]

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, равуо дар ҳама гуна навъҳои нақлиёти ҷамъиятӣ барои нафақахӯрони синни аз 75-сола боло бепул мешавад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, ин қарор бо мақсади дастгирии моддӣ-маънавии нафақахӯрони синну солашон аз 75 боло бо инобати қарори маҷлиси васеи роҳбарону масъулини корхона ва ҷамъиятҳои нақлиётии шаҳри Душанбе қабул мешавад.

Гуфта мешавад, аз 15 декабри соли 2017 ба истиснои таксӣ, хизматрасонӣ тавассути нақлиёти мусофирбари истифодаи умум, аз ҷумла маршруткаҳо  дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе барои нафақахӯрони синну солашон аз 75 боло бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда (чиптаи имтиёзноки солона ё корти имтиёзноки пардохти электронии роҳкиро) тариқи ройгон ба роҳ монда шавад.

Ба шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, МД коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» якҷо бо корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1, 2, 3», «Троллейбус» ва ҷамъиятҳои нақлиётие, ки дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ ҳамлу нақли мусофиронро амалӣ менамоянд, дастур дода шудааст, ки ҷиҳати амалӣ сохтани ин қарор тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Бино ба маълумоти оморӣ, айни замон дар шаҳри Душанбе 9 ҳазору 91 нафар сокини синнусолаш аз 75 боло ба қайд гирифта шудааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз корхонаи «Душанбенақлиётхадамотрасон» дар ин робита хабар доданд, чипатаи имтиёзнок ба нафақахӯрони синнусоли аз 75-сола боло дар шуъбаҳои таъминоти иҷтимоии маҳалли зисташон дода мешавад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.