«Азия-Плюс» барои муҳоҷирон лоиҳаи махсус роҳандозӣ намуд

Гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба амалисозии лоиҳаи махсус барои муҳоҷирон – «Мигрант/Муҳоҷир» оғоз намуд. Рост омадани оғози роҳандозии лоиҳаи мо бо санаи Рӯзи умумиҷаҳонии муҳоҷирон, ки ҳамасола санаи 18 декабр ҷашн гирифта мешавад, тасодуфӣ нест. Мо хоҳони онем, ки лоиҳаи мо muhojir.news.tj ва платформаҳои махсус барои он ташкилшуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ (Facebook – https://www.facebook.com/muhojir.migrant.tj/, вКонтакте – https://vk.com/migranttj, Одноклассники – https://www.ok.ru/muhojirtj) барои […]

Asia-Plus

Гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба амалисозии лоиҳаи махсус барои муҳоҷирон – «Мигрант/Муҳоҷир» оғоз намуд.

Рост омадани оғози роҳандозии лоиҳаи мо бо санаи Рӯзи умумиҷаҳонии муҳоҷирон, ки ҳамасола санаи 18 декабр ҷашн гирифта мешавад, тасодуфӣ нест. Мо хоҳони онем, ки лоиҳаи мо muhojir.news.tj ва платформаҳои махсус барои он ташкилшуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ (Facebook – https://www.facebook.com/muhojir.migrant.tj/, вКонтакте – https://vk.com/migranttj, Одноклассники – https://www.ok.ru/muhojirtj) барои робитаву муколамаи ҳамдиёрони машғули кор дар хориҷи кишвар бо наздиконашон дар ватан осонтару қулай ва як воситаи муфиде шаванд.

Дар захираҳои иттилооти мо шумо ба саволҳои: Чӣ гуна омода шудан ҷиҳати сафар ба муҳоҷират; Чӣ тавр омӯхтани забон ва ба даст овардани касб; Барои гирифтани патент кадом ҳуҷчатҳо заруранд; Ба куҷо муроҷиат кардан барои дастрасӣ ба кумаки ҳуқуқӣ, агар корфармо ҳуқуқҳои шуморо риоя накунад; зимни боздошти кормандони милитсия чӣ кор мебояд кард; чӣ гуна фарзандонро ба мактаб ё тарбияи кӯдакистон супурд; чӣ кор мебояд кард зимни истирдод ва боз дигар масоили муҳими муҳоҷират посухҳо дарёфт карда метавонед.

Дар ин ҷо шумо ҳамчунин ҳамеша бо рӯйдодҳи муҳиму тозатарини Тоҷикистону Русия, ки ба муҳоҷирону оилаҳои онҳо марбутанд, шинос шуда метавонед.

Ба акаунтҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамроҳ шавед:

Facebook – https://www.facebook.com/muhojir.migrant.tj/

вКонтакте – https://vk.com/migranttj

Одноклассники – https://www.ok.ru/muhojirtj

Саволу воқеаҳои аз саратон гузашта, мушкилоту пешниҳодҳоятонро нависеду ирсол намоед – мо ҳамеша дар робитаем!

Рақами мо дар мессенҷерҳои WhatsApp/Telegram/Viber +992 937924245

Бо камоли эҳтиром, ҳайати кормандони «Мигрант/Муҳоҷир» 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.