Ҳамлаи ҷангиён ба тамрингоҳи хадамоти махсус дар Кобул (видео)

Як гурӯҳи афроди мусаллаҳ бинои сохтмонаш нотамом дар қисмати ғарбии шаҳри Кобулро, ки дар паҳлӯи тамрингоҳи хадамоти масуси маҳаллӣ воқеъ аст, тасарруф намуд, хабар медиҳад CA-News бо истинод ба шабакаи телевизионии афғонии Tулӯъ. Ба гуфтаи шоҳидон, ҷангиён дар дохили бино пинҳон шуда, тамрингоҳро ҳадафи тирпарронӣ қарор додаанд. Бино ба маълумоти ВКД Афғонистон, ба ҷойи ин […]

Як гурӯҳи афроди мусаллаҳ бинои сохтмонаш нотамом дар қисмати ғарбии шаҳри Кобулро, ки дар паҳлӯи тамрингоҳи хадамоти масуси маҳаллӣ воқеъ аст, тасарруф намуд, хабар медиҳад CA-News бо истинод ба шабакаи телевизионии афғонии Tулӯъ.

Ба гуфтаи шоҳидон, ҷангиён дар дохили бино пинҳон шуда, тамрингоҳро ҳадафи тирпарронӣ қарор додаанд.

Бино ба маълумоти ВКД Афғонистон, ба ҷойи ин ҳодиса воҳидҳои иловагии нерӯҳои таъмини амният сафарбар мешаванд.

Доир ба талафоти ҷонӣ маълумот дода намешавад. Як манбаъ ба шабакаи телевизионии Тулӯъ хабар додааст, ки бар асари ҳамла касе осеб надидааст.

Ҳеҷ кадоме аз гурӯҳҳо бо шумули Толибон, масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.