Равуо дар нақлиёт, аз ҷумла маршруткаҳо ба нафақахӯрони аз 75-сола боло бепул мешавад

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, равуо дар ҳама гуна навъҳои нақлиёти ҷамъиятӣ барои нафақахӯрони синни аз 75-сола боло бепул мешавад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, ин қарор бо мақсади дастгирии моддӣ-маънавии нафақахӯрони синну солашон аз 75 боло бо инобати қарори маҷлиси васеи роҳбарону масъулини корхона ва ҷамъиятҳои нақлиётии шаҳри Душанбе қабул мешавад.

Гуфта мешавад, аз 15 декабри соли 2017 ба истиснои таксӣ, хизматрасонӣ тавассути нақлиёти мусофирбари истифодаи умум, аз ҷумла маршруткаҳо  дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе барои нафақахӯрони синну солашон аз 75 боло бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда (чиптаи имтиёзноки солона ё корти имтиёзноки пардохти электронии роҳкиро) тариқи ройгон ба роҳ монда шавад.

Ба шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, МД коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» якҷо бо корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1, 2, 3», «Троллейбус» ва ҷамъиятҳои нақлиётие, ки дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ ҳамлу нақли мусофиронро амалӣ менамоянд, дастур дода шудааст, ки ҷиҳати амалӣ сохтани ин қарор тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Бино ба маълумоти оморӣ, айни замон дар шаҳри Душанбе 9 ҳазору 91 нафар сокини синнусолаш аз 75 боло ба қайд гирифта шудааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз корхонаи «Душанбенақлиётхадамотрасон» дар ин робита хабар доданд, чипатаи имтиёзнок ба нафақахӯрони синнусоли аз 75-сола боло дар шуъбаҳои таъминоти иҷтимоии маҳалли зисташон дода мешавад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...