Тасдиқи 15 млн. доллар маблағи иловагии БҶ баҳри дастгирии бахши кишоварзии Тоҷикистон

tojiki

Шӯрои  директорони  иҷроияи  Бонки  ҷаҳонӣ (БҶ) маблағгузории  иловагиро  дар  ҳаҷми  15  миллион  доллари  ИМА  ҷиҳати  дастгирии  лоиҳаи амалкунандаи  Лоиҳаи  тиҷоратисозии  соҳаи  кишоварзӣ  тасдиқ  намуд. 

Лоиҳа  ба  вусъатдиҳии имкониятҳо  барои  деҳқонон  ва  корхонаҳои  Тоҷикистон  бо  мақсади  баланд  бардоштани  маҳсулнокӣ  ва дастрасӣ ба бозорҳои ватанӣ ва байналмилалӣ равона шудааст.

“Бо  истифода  аз  имкониятҳои  васеи  содиротӣ  барои  маҳсулоти  кишоварзӣ  ва  озуқавории  дар Тоҷикистон истеҳсолшуда, лоиҳа талошҳои соҳибкоронро ҷиҳати баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва имкониятҳои шуғл дар манотиқи деҳоти Тоҷикистон дастгирӣ мекунад, – қайд намуд Ян-Петер Олтерс, Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон. – Инкишофи соҳибкорӣ дар деҳот, аз ҷумла бо кӯмаки барномаҳои вусъатдиҳии дастрасӣ ба маблағҳои молиявӣ, дастгирии лоиҳаҳои нав ва таъмини соҳибкорони деҳотӣ бо малакаҳои дахлдори соҳикорӣ, воситаи муҳимми мусоидат ба навоварӣ, савдо, дастгирии ташкили ҷойҳои нави корӣ дар  манотиқи деҳоти дорои иқтисоди рӯ ба тараққӣ, маҳсуб меёбад”.

Лоиҳаи аслии Лоиҳаи тиҷоратисозии соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон, ки тавассути грант дар ҳаҷми 22  миллион  доллари  ИМА  аз  ҳисоби  Ассотсиатсияи  Байналмилалии  Рушд  (АБР)  маблағгузорӣ шудааст,  тиҷоратикунонии  маҳсулоти  кишоварзӣ  ва  агробизнесро  тавассути  баланд  бардоштани самаранокии  занҷирҳои  алоҳидаи  арзиши  иловашуда,  вусъатдиҳии  дастрасӣ  ба  маблағгузорӣ  ва таҳкими  иқтидорӣ  хоҷагиҳои  деҳқонии  хурд,  корхонаҳои  агробизнеси  миёна  ва  а сотсиатсияҳои истеҳсолкунандагон, дастгирӣ намудааст.

То  имрӯз,  лоиҳа  зиёда  аз  1000  хоҷагиҳои  деҳқонии  инфиродӣ  ва  корхонаҳои  хурд  ва  миёнаро  ба маблағи умумӣ дар ҳаҷми 3,3 миллион доллари ИМА дастгирӣ намуд. Инчунин лоиҳа занҷири арзиши иловашударо  барои  зардолуи  тоза  ва  хушккардашуда  ва  маҳсулоти  ширӣ  дастгирӣ  мекунад.  Дар натиҷа,  зиёда  аз  3,000  деҳқон  дар  самти  технологияҳои  такмилдодашудаи  (баъди)  истеҳсолот  ва дастрасӣ ба бозор омӯзонида шуданд.  Аввалин даҳ гранте, ки тасдиқ шуданд ба гуруҳҳои хоҷагиҳои фермерии  хурд  имконият  доданд,  ки  ба  занҷирҳои  арзиши  иловашудаи  лоиҳавӣ  пайваст  шаванд.

Айни замон фаъолият дар самти баланд бардоштани нерӯи институтсионалӣ бо мақсади дастгирии муассисаҳои  таълимии  соҳаи  кишоварзӣ,  муассисаҳои  молиявии  иштирокдори  лоиҳа  ва  Агентии омори Тоҷикистон, амалӣ шуда истодааст.

“Соҳаи  кишоварзӣ  дар  афзоиши  иқтисодӣ  ва  паст  кардани  сатҳи  камбизоатӣ  дар  Тоҷикистон нақши  асосиро  мебозад, –  афзуд  Сандра  Брока,  Роҳбари  лоиҳаи  “тиҷоратисозии  соҳаи кишоварзӣ”.  – Бо  маблағгузории  иловагӣ,  равиши  лоиҳа  –  дастрасӣ  ба  дониш  дар  якҷоягӣ  бо маблағгузорӣ берун аз соҳаи кишоварзӣ ва агробизнес ба дигар шаклҳои  зербахшҳои деҳотӣ ва корхонаҳо  вусъат  ёфта,  имкониятҳои  бештарро  барои  даромад  ва  ташкили  ҷойҳои  нави  корӣ фароҳам меоварад”.

Бо  маблағгузории иловагӣ, ки имрӯз ба тасвиб расид, лоиҳа чорабиниҳоеро, ки ба афзоиши ҳаҷми хатти қарзии барои корхонаҳои агробизнес дастрасанд, пешниҳоди барномаи грантии муносиб ҷиҳати дастгирии даромади корхонаҳои нав ва ҷавон ба бозор ва таҳкими иқтидорӣ  муассисаҳои қарзии хурд оид ба маблағгузории соҳибкории кишоварзӣ, аз ҷумла муассисаҳои қарзии хурди алоҳида, ки дорои зарфияти хуби рушд мебошанд, низ дастгирӣ мекунад.

Айни замон сандуқи фаъоли Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон  19  лоиҳаро бо арзиши  умумии 615,9 млн. доллари ИМА дар бар мегирад. Бонки ҷаҳонӣ барои идомаи дастгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода  аст,  зеро  кишвар  кӯшиш  ба  харҷ  медиҳад,  ки  зиндагии  мардумро  беҳтар  намуда  талаботи аҳолии ҷавон ва афзоишёбандаи худро қонеъ созад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...