Эҳтимоли интиқоли барқи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон тобистони соли оянда

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Зимни суханронӣ дар ҷаласаи имрӯзаи палати поёнии парлумон вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода изҳор дошт, ки аз тобистони соли оянда Тоҷикистон метавонад ба Ӯзбекистон нерӯи барқ интиқол диҳад.

Ба гуфтаи ӯ, баъди аз низоми ягонаи муттаҳидаи энергетикии Осиёи Марказӣ хориҷ шудани Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2009, дар низомҳои энергетикии Тоҷикистону Ӯзбекистон тағйироти назаррас сурат гирифт.

«Баъди хориҷшавӣ Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқи истеҳсоли худиро ба шимоли кишвар таъмин намуд, ки қаблан аз нерӯи барқи Ӯзбекистону Қирғизистон истифода мекарданд. Минтақаи ҷануби Ӯзбекистон қаблан аз Тоҷикистон нерӯи барқ мегирифт ва баъдан Ӯзбекистон низ худаш онро таъмин мекунад», – қайд кард вазир.

Ӯ таъкид дошт, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон қотеъона ният доранд, ки низоми ягонаи муттаҳидаи энергетикии минтақаро барқарор кунанд. «Барои ин Ӯзбекистонро лозим аст, ки 60 км хати интиқоли барқи васлкунандаи ҷануби кишвар бо Тоҷикистонро барқарор ва лоиҳаи ҳифзи табдили барқ (реле) ва автоматикаро амалӣ созад», – иброз дошт Усмонзода.

Вазир зикр кард, ки соли 2017 энергетикҳои тоҷик чун соли пешин беш аз 18 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол намуданд, ки ба таъмини кишвар бо нерӯи барқ бидуни ҷорӣ сохтани маҳдудият (лимит) имкон дод.

«Имрӯз истеъмолгари асосии нерӯи барқи Тоҷикистон аҳолӣ аст, – қайд кард вазир. – ТАЛКО шабонарӯзӣ 7 млн. кВт/соат нерӯи барқ истифода мекунад. Соли оянда ширкати алюминий исеҳсоли маҳсулотрго дучанд афзуданист ва табиист, ки талаботи корхона низ ду баробар меафзояд», – таъкид дошт ӯ.

Ҳамчунин зимнан таъкид шуд, ки аз 283 адад нерӯҳои хурди барқӣ дар кишвар 90-тоаш «умуман кор намекунанд» ва сабабаш дар он аст, ки онҳоро бидуни назардошти воқеияти маҳал сохтаанд.

«Масалан, дар ноҳияи Шаҳринав ду нерӯгоҳи барқии хурд бинобар сабаби камобӣ кор намекунанд, зеро зимистон об тамоман мавҷуд набуда, тобистон он барои бароварда шудани эҳтиёҷоти бахши кишоварзӣ истифода мешавад», – гуфт вазир.

Ӯ ҳамчунин ба вакилон иттилоъ дод, ки ҳукумат айни замон дар мавриди сохтмони Маркази барқу гармидиҳии «Фон-Яғноб» бо иқтидори 600 мегаватт бо Чин гуфтушунид дорад ва дар сурати бунёди ин марказ, бидуни анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Роғун низ бисёре аз мушкилоти соҳаи энергетикаи кишвар ҳаллу фасл хоҳад шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...