Волии Балхи Афғонистон истеъфоро қабул накард

Атомуҳаммади Нур, волии Балхи Афғонистон, ки чанде пеш раёсати ҷумҳури Афғонистон хабари истеъфои ӯро эълон кард, изҳор доштааст, ки аз мақомаш истеъфо надода ва қасди канор рафтанро ҳам надорад. Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, Атомуҳаммади Нур дар нишасте бо тарафдоронаш гуфтааст, ки ин истеъфоро қабул надорад, зеро хостаҳои ӯро ҳукумат иҷро накардааст. Дар як навор, […]

Радиои Озодӣ

Атомуҳаммади Нур, волии Балхи Афғонистон, ки чанде пеш раёсати ҷумҳури Афғонистон хабари истеъфои ӯро эълон кард, изҳор доштааст, ки аз мақомаш истеъфо надода ва қасди канор рафтанро ҳам надорад.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, Атомуҳаммади Нур дар нишасте бо тарафдоронаш гуфтааст, ки ин истеъфоро қабул надорад, зеро хостаҳои ӯро ҳукумат иҷро накардааст. Дар як навор, ки телевизионҳо нашр кардаанд, ӯ гуфтааст, ки варақи истеъфояшро замоне ба раёсати ҷумҳури Афғонистон супурда буд, ки чанде қабл аз ҷониби ҳизби Ҷамъияти исломӣ ба хотири ба даст овардани ҳаққашон аз ҳукумат, вориди музокира шуда буд.

Ин узви баландпояи ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир шумораи зиёде аз хостаҳояшон иҷро нашуда ва пазириши истеъфояшонро аз сӯи ҳукумат як дасиса медонад. Вай гуфтааст, "ин мо ҳастем, ки дар таъйини волии вилояти Балх тасмим мегирем, на Арги раёсати ҷумҳур, ки ҳар касеро хоста бошад, волӣ муаррифӣ намояд."

Атомуҳаммади Нур ҳушдор додааст, ки дар баробари ба гуфтаи ӯ ин "дасисаҳо" хоҳад истод ва афзудааст, ки дар қадами нахуст аз тариқи гуфтугӯҳои маданӣ дар чорчӯби қонун ва агар ба натиҷае нарасанд, аз гузинаҳои баъдӣ дар баробари ҳукумат истифода хоҳад кард.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Афғонистон рӯзи 18-уми декабр гуфт, Атомуҳаммади Нур чанде қабл истеъфояшонро ба президент Ашраф Ғанӣ пешниҳод карда буд ва раиси ҷумҳур низ онро пазируфтааст. Шоҳ Ҳусейн Муртазавӣ, сарпарасти дафтари сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон гуфтааст, ки Муҳаммад Довуд ба ҷои Атомуҳаммади Нур ба унвони волӣ ё раиси вилояти Балх, таъйин шудааст.

Ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон, ки Атомуҳаммади Нур аз раҳбарони он мебошад, чанд соат пас аз нашри ин хабар бо нашри эъломия ин тасмими раёсати ҷумҳури Афғонистонро "як иқдоми аҷулона, ғайримасъулона, мухолифи субот ва амнияти Афғонистон" хонд. Дар ин эъломия ҳамчунин гуфта шудааст, ки барканории Атомуҳаммади Нур мухолифи мувофиқатномаи ҳукумати ваҳдати миллӣ мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?