Медалҳои толибилмони тоҷик дар Олимпиадаи умумирусиягӣ

Толибилмони Литсей барои кӯдакони лаёқатманд, литсейи «Ҳотам в П.В.» ва Литсейи президентӣ аз Олимпиадаи умумирусиягӣ аз фанни барномарезӣ бо дастовардҳо баргаштанд. Одимпиада давоми рӯзҳои 9-10 декабр дар як вақт дар шаҳрҳои Санкт-Петербург, Барнаул, Алмаато ва Тифлис баргузор шуда, толибилмони тоҷик аз шаҳри Алмаато дар он ширкат варзиданд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Литсей барои кӯдакони лаёқатманд […]

Толибилмони Литсей барои кӯдакони лаёқатманд, литсейи «Ҳотам в П.В.» ва Литсейи президентӣ аз Олимпиадаи умумирусиягӣ аз фанни барномарезӣ бо дастовардҳо баргаштанд.

Одимпиада давоми рӯзҳои 9-10 декабр дар як вақт дар шаҳрҳои Санкт-Петербург, Барнаул, Алмаато ва Тифлис баргузор шуда, толибилмони тоҷик аз шаҳри Алмаато дар он ширкат варзиданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Литсей барои кӯдакони лаёқатманд хабар доданд, баъди даври аввал дар реҷаи онлайн 5 дастаи иборат аз 3 нафар  ба даври олимпиадаи умумирусиягии даставии хонандагон оид ба барномарезӣ (ВКОШП) роҳ ёфтанд.

Ба иттилои манбаъ дар олимпиада дар маҷмӯъ 717 нафар толибилмон аз кишварҳои узви ИДМ ва Назди Балтика иштирок кардаанд.

«Дар муддати се соат дастаҳо бояд ҳалли 13 вазифаро оид ба барномасозӣ меёфтанд. Ду даста аз ҳисоби толибилмони Литсейи кӯдакони лаёқатманд медали нуқраву биринҷӣ ва дастаи литсейи «Ҳотам ва П.В.» медали нуқра ба даст оварданд», – гуфт манбаъ.

Аз Литсей ҳамчунин хабар доданд, ки рӯзи 15 декабр бо ташаббуси Донишгоҳи Бошқирдистон дар Маскав Олимпиадаи байнулмилалии фосилавӣ доир гардид, ки дар он 78 нафар толибилмон аз 18 кишвар ширкат варзиданд. Даври аввали олимпиада низ фосилавӣ сурат гирифта, панҷ нафар хонандагони тоҷик онро муваффақона гузаштанд.

Дар натиҷа баъди гузаронидани тест, навиштани иншо (эссе) ва ҳалли вазифаҳои шифоҳӣ, Нилуфар Ҳоҷиматова зинаи дуюмро ишғол намуда, ба ӯ дипломаи Олимпиада аз фанни забони русӣ супурда шуд. Дар ҳисоби даставӣ Тоҷикистон мақоми дуюмро касб кард. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.