Ҳунарнамоии Ҷонибек Муродов бо падараш дар Киев

Консерт дар клуби Caribbean Club баргузор шуда, дар он албоми нави мусиқии ҳунарманд «ДИВО» муаррифӣ шуд. Дар ин албом 14 тарона бо забонҳои тоҷикӣ, украинӣ ва русӣ гирдоварӣ шудааст. Ҳамаи сурудҳоро Ҷонибек зинда ба иҷро расонида, дар барномаи театришуда ҳамчунин мусиқачиёни украинӣ низ ширкат варзиданд. Тамошобинон ҳунарманди тоҷикро хеле самимона истиқбол намуданд, бахусус зимни иҷрои […]

Консерт дар клуби Caribbean Club баргузор шуда, дар он албоми нави мусиқии ҳунарманд «ДИВО» муаррифӣ шуд.

Дар ин албом 14 тарона бо забонҳои тоҷикӣ, украинӣ ва русӣ гирдоварӣ шудааст. Ҳамаи сурудҳоро Ҷонибек зинда ба иҷро расонида, дар барномаи театришуда ҳамчунин мусиқачиёни украинӣ низ ширкат варзиданд.

Тамошобинон ҳунарманди тоҷикро хеле самимона истиқбол намуданд, бахусус зимни иҷрои таронаи «Зулайхо дар фарҷоми барнома» бо падараш, Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов, ки дар ин консерт ҳузур дошт.

Ҷонибек қаблан зикр карда буд, ки аз пешниҳоди барномаи нави консертиаш дар Киев, ки ҳамроҳи ҳунармандони украинӣ таҳия шудааст, хеле хушнуд аст. Дар саҳифаи расмии Ҷонибек Муродов дӯстдорону суруду мусиқии Украина қайд кардаанд, ки барномаи ӯ ба онҳо хуш омадааст.

Овозхони тоҷик дорои 5 албоми мусиқии студиявӣ ва ҷоизаҳои маъруфи байнулмилалӣ, аз қабили «BIG APPLE MUSIC AWARDS» дар солҳои 2010 ва 2012 мебошад, ки ҳамасола дар Ню-Йорк ба писандидатарин ҳунармандони эстрадаи Осиё тақдим мегардад. Соли 2016 дар Гамбург (Олмон) ӯ ҳамчунин ба мукофоти BAMA AWARDS қадрдонӣ шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.