Имзои созишномаҳои ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Чин

Дар ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Чин миёни ширкатҳои бахшҳои гуногуни иқтисоди ҳарду кишвар созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, миёни ҶДММ «Шарқиншоот» (Тоҷикистон) ва ширкати «Кай Мэй» (Чин) дар бораи шарикӣ, ҳамчунин миёни ҶДММ «Ҳазориспанд» (Тоҷикистон) ва ҶДММ «Ширкати савдои Ҷин Яши Юан» (Чин) доир ба ҳамкорӣ […]

Дар ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Чин миёни ширкатҳои бахшҳои гуногуни иқтисоди ҳарду кишвар созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, миёни ҶДММ «Шарқиншоот» (Тоҷикистон) ва ширкати «Кай Мэй» (Чин) дар бораи шарикӣ, ҳамчунин миёни ҶДММ «Ҳазориспанд» (Тоҷикистон) ва ҶДММ «Ширкати савдои Ҷин Яши Юан» (Чин) доир ба ҳамкорӣ созишномаҳо имзо шудааст.

 Қобили зикр аст, ки ҳамоиш дар муассисаи давлатии «Кохи Борбад» дар доираи Намоишгоҳи «Истеҳсоли Чин»-Тоҷикистон 2017» баргузор гардида, дар кори он беш аз 100 нафар намояндагони ҳарду ҷониб иштирок доштанд.

Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Манзура Рустамова зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин робита изҳор намудааст, ки дар доираи ҳамоиши имрӯза соҳибкорони ватанӣ имкон доранд аз ҷумҳурӣ набаромада, бо молу маҳсулот ва таҷҳизоти муаррифинамудаи ширкатҳои бонуфузи музофоти Шандун, Хенан, Хубей ва музофоти мухтори Синҷон-Уйғури Чин шинос ва шарикони ҳамкори худро пайдо намоянд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.