Восеъ: Оғози парвандаи ҷиноӣ аз рӯи далели заҳролудшавии як оила аз ҳасиб

Аз рӯи далели заҳролудшавӣ аз ҳасиб дар ноҳияи Восеъ, ки бар асари он Умаралӣ Давлатови 2-сола ҳалок шуд, дар мақомоти прокуратураи ноҳия парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Ёдрас мекунем, ки рӯзи 13 декабр шаш тан аз аъзои як оила – модару кӯдакон, сокинони деҳаи Кадучии ҷамоати М.Вайсов аз истеъмоли ҳасиби истеҳсоли маҳаллӣ заҳролуд шуданд. Кӯдак дар […]

Аз рӯи далели заҳролудшавӣ аз ҳасиб дар ноҳияи Восеъ, ки бар асари он Умаралӣ Давлатови 2-сола ҳалок шуд, дар мақомоти прокуратураи ноҳия парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 13 декабр шаш тан аз аъзои як оила – модару кӯдакон, сокинони деҳаи Кадучии ҷамоати М.Вайсов аз истеъмоли ҳасиби истеҳсоли маҳаллӣ заҳролуд шуданд. Кӯдак дар беморхона ҳалок шуд.

«Онҳо гуфтанд, ки ҳасибро дар яке аз мағозаҳои деҳа гирифта, дар роҳ сӯи хона онро истеъмол кардаанд ва аз ҳама бештар Умаралии хурдсол онро хӯрдааст», – иброз намуд ба «Азия-Плюс» дар ин робита табиби шуъбаи эҳёгарии беморхонаи марказии ноҳия Йигиталӣ Аскаров.

Ба гуфтаи табиб, санҷиш дар маркази санитариву эпидемиологӣ нишон додааст, ки ҳасиб дар ҶДММ «Орзу шаҳри Кӯлоб истеҳсол шуда, мутахассисон ошкор кардаанд, ки дар таркиби маҳсулот меъёри нитрат хел зиёд аст. Нитрат барои коркарди кимиёвии ҳасиб истифода мешавад.

Панҷ рӯз пеш ҳодисаи ба ин монанд бо як оилае дар Кӯлоб низ рух дода, тибқи маълумоти пешакӣ, чор тан аз аъзои як оила аз истеъмоли ҳасиб заҳролуд шудаанд. Ҳеҷ касе аз онҳо ҷиддӣ осеб надидааст, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз прокуратураи шаҳри Кӯлоб. Аз рӯи ин далел низ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, санҷиш ҷараён дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.