Коршинос доир ба эҳтимоли таназзули бозори телекоммуникатсионӣ

Asia-Plus

Мутахассис бар ин назар аст, ки мубориза бо технологияҳо ба боз ҳам бештар таназзул (поинравӣ) ёфтани бозори телекоммуникатсионӣ боис шуда метавонад.

Коршиноси технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ барои рушд Асомуддин Атоев мегӯяд тасмими бастани NGN ва эҳтимоли қатъи мессенҷерҳо ба сиёсати давлатии рушди устувор мухолиф аст.

«Яке аз ҳадафҳои асосии Стратегияи милли рушди Тоҷикистон то соли 2030 мавқеъгирии Тоҷикистон ба сифати занҷира (хаб)-и коммуникатсионии минтақаи Осиёи Марказӣ аст, ки аз ду қисм – коммуникатсияи нақлиёт ва телекоммуникатсия иборат аст ва бо овора шудан ба мубориза бо технологияҳо, мо ба рақобатпазирии бозори ватанӣ дар сатҳи минтақа зарба мезанем, зеро ҳадаф – таҳкими имконоти транзитии худ – ҳам барои мо ва ҳам барои ҳамсоякишварҳо афзалиятнок мебошад», – иброз дошт номбурда.

Ба гуфтаи ӯ, бар асари қабули чунин қарорҳо сол то сол бозори телекоммуникатсионии кишвар коҳиш ёфта, кам шудани шумори корбарон ва поинравии ҳаҷми даромади бозор гувоҳи он аст.

«Ин вақт бозорҳои дигар кишварҳо аз ҳисоби давлатҳои дигар минтақаи фарогирро густариш дода, маҳсулоту хизматгузориҳояшонро пешниҳод мекунанд, – зикр кард Атоев. – Қатъи як технологияро бо истифода аз технологияи дигар метавон дастрас кард».

Зимнан зикр гардид, ки агар ба ҷойи ин хизматгузориҳо алоқаи сабтшуда пешниҳод гардад, аксарият аз он истифода нахоҳанд кард ва ихтиёрӣ даст кашидан аз гуфтугӯ, натанҳо имконоти бозорро коҳиш медиҳад, балки вобастагии тамоми бозорро ба як технологияи муайян меафзояд.

«Ин дар навбати худ ба инҳисор (монополия)-и як истеҳсолкунанда (хориҷӣ) боис гардида, дар натиҷа бинобар сабаби чунин монополия ва нуқтаи ягонаи дастрасӣ амнияту бехатарии шабакаи ватанӣ начандон қавӣ хоҳад шуд», – афзуд коршинос.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, Кумитаи андози Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба унвонии раисиҷумҳури кишвар барномаҳои мухобиротии интернетиро сабаби кам шудани нақшаи ҷамъоварии андоз номидааст.

Гуфта мешавад, дар нома зикр шудааст, ки қисмати зиёди гуфтугӯҳои байналмилалӣ тариқи ширкатҳои мобилӣ ва тавассути мессенҷерҳои интернетии Viber, IMO ва Skype сурат гирифта, ин боиси коҳиш ёфтани пардохтҳои андоз ва даромадҳои буҷет шудааст.

Кумитаи андоз дар ин нома ба тафсил навиштааст, ки бахши аъзами гуфтугӯҳои байналмилалӣ тариқи «Скайп, «Вайбер», «Ви Чат», «ИМО», «Чӣ Гап», «ОК», «VK» ва «Инстаграм» сурат мегиранд. Кумитаи андоз ҳамчунон аз алоқаи навъи NGN ёдовар шудааст, ки ба гуфтаи муаллифони ин нома “аз алоқаи муқаррарии байналмилалӣ 10 маротиба арзон аст”.

Дар идома Кумитаи андоз ба ҳукумат пешниҳод кардааст, ки зангҳои байналмилалӣ ва дохилӣ тариқи NGN ҷудо карда шаванд, то даромадҳои буҷети давлатӣ бештар гарданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...