Ҳуқуқи рухсатӣ ба ҳамаи сарбозони хизмати ҳатмии ҳарбӣ

Ба ҳамаи сарбозони хизмати ҳатмии артиши миллии ҷумҳурӣ ба рухсатӣ ҳуқуқ дода шуд. Палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи мақоми хизматчиёни ҳарбӣ»-ро маъқул шуморид. Ба гуфтаи узви Маҷлиси миллӣ, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ, қаблан танҳо сарбозони хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ки ихтиёран ба хизмат омада буданд, чунин ҳуқуқ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ба ҳамаи сарбозони хизмати ҳатмии артиши миллии ҷумҳурӣ ба рухсатӣ ҳуқуқ дода шуд.

Палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи мақоми хизматчиёни ҳарбӣ»-ро маъқул шуморид.

Ба гуфтаи узви Маҷлиси миллӣ, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ, қаблан танҳо сарбозони хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ки ихтиёран ба хизмат омада буданд, чунин ҳуқуқ доштанд.

Ғайр аз ин, мувофиқи тағйироту иловаҳо, ба сарбозони оиладори хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар Тоҷикистон минбаъд ҳар ним сол рухсатӣ пешбинӣ мешавад. Муддати то 1 моҳ онҳо метавонанд назди аҳли оилаи худ қарор дошта бошанд.

Мувофиқи ин тағйироту иловаҳо, ба сарбозони қаториву сержантҳо, ки никоҳи қонунӣ доранд, ҳар як шаш моҳи муддати хизмат мутаносибан ба рухсатии давомнокиаш аз 20 то 30 шабонарӯз ҳуқуқ дода шуда, харҷи роҳкироро қисми низомӣ пардохт мекунад.

Ба хотири кам кардани хароҷот, тадбире пешбинӣ шудааст, ки мувофиқи он хизматчиёни ҳарбии оиладор бояд дар ҳудуди то 100 километр аз назди хонаашон адои хизмат кунанд.

Бар асоси фармони вазири мудофиа, сарбозони оиладор ва хизматчиёни ҳарбӣ ҳамчунин ҳар моҳ ду маротиба як рӯз ба озод будан аз хизмат ҳуқуқ доранд.

Ҳамчунин дар ҳар як қисми низомӣ ҳуҷраҳои дидор вуҷуд доранд, ки муддати як шабонарӯз ҳамсарони хизматчиёни ҳарбӣ бо шавҳарони худ дар он зиндагӣ карда метавонанд.

Дар сурати таваллуди фарзанди дуюм, сарбозони хизмати ҳатмии ҳарбӣ аз хизмат озод мешаванд, зеро мувофиқи қонунгузории амалкунанда, шаҳрвандони дорои ду фарзанд аз хизмати ҳарбӣ озоданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Мавқеи Тоҷикистон дар “Шохиси шаффофияти буҷет” беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.