Хати интиқоли барқи лоиҳаи CASA-1000 дар Афғонистонро ширкатҳои Ҳиндустон месозанд

Ба сохтмони қисмате аз хати интиқоли барқи дар доираи амалисозии лоиҳаи Лоиҳаи минтақавии интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000) дар қаламрави Афғонистон ду ширкати Ҳиндустон – KEC International Limited ва Kalpa-Taru Power Transmission Limited машғул хоҳанд шуд. Бино ба иттилои дафтари матуботи Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, ҳафтаи гузашта […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ба сохтмони қисмате аз хати интиқоли барқи дар доираи амалисозии лоиҳаи Лоиҳаи минтақавии интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000) дар қаламрави Афғонистон ду ширкати Ҳиндустон – KEC International Limited ва Kalpa-Taru Power Transmission Limited машғул хоҳанд шуд.

Бино ба иттилои дафтари матуботи Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, ҳафтаи гузашта дар қароргоҳи Президенти Афғонистон миёни ширкатҳои миллии интиқолдиҳандаи нерӯи барқи Афғонистон “Да Брешна Шеркат”, ширкатҳои ғолиби тендер дар Афғонистон KEC International Limited ва Kalpa-Taru Power Transmission Limited се қарордод доир ба корҳои сохтмонӣ ба имзо расонида шуд.

Гуфта мешавад, дар ин чорабинии муҳими минтақавӣ Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ, Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон Абдулло Абдулло, ҳамчунин шахсони масъул аз Покистон, ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва Бонки Ҷаҳонӣ ширкат варзиданд. Тоҷикистонро муовини вазири энергетика ва захираҳои об Шоимзода Ҷамшед Шодӣ намояндагӣ кард.

Зикр мегардад, ки зимни суханронӣ Шоимзода Ҷамшед ба имзо расонидани лоиҳаи сохтмонӣ дар доираи лиҳаи CASA-1000-ро муҳим арзёбӣ намуда, аз ҷумла дорои аҳамияти минтақавӣ будани онро махсус қайд намуд. Иброз гардид, ки лоиҳаи интиқоли нерӯи барқи CASA-1000 натанҳо барои пайваст гардидани шабакаҳои нерӯи барқи мамлакатҳои шарик, инчунин ҷиҳати боз ҳам таҳкиму тавсеа ёфтани робитаҳои дӯстии миёни кишварҳо дар маҷмӯъ, мусоидат хоҳад кард.

Қайд мешавад, ки қабл аз доир гардидани чорабинӣ мулоқоти Ҷамшед Шоимзода бо вазири энергетика ва оби Афғонистон Алӣ Осмонӣ доир гардида, дар он ҷонибҳо ҷиҳати таҳким бахшидани робитаҳои дӯстии байни кишварҳо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаи энергетика дар доираи лоиҳаи байниминтақавии интиқоли нерӯи барқи CASA-1000 табодули афкор намуданд.

Ёдрас мекунем, ки амалисозии лоиҳаи CASA-1000 ба Тоҷикистону Қирғизистон имкон медиҳад, ки ба Афғонистну Покистон дар ҳаҷми 1300 МВт дар як сол нерӯи барқ содирот намоянд. Ҳадафи лоиҳа дар мавсими тобистон роҳандозӣ кардани содироти нерӯи барқи зиёдатии Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон унвон мешавад.

Қобили зикр аст, ки анҷоми амалисозии лоиҳа соли 2020 пешбинӣ шуда, арзиши умумии он беш аз 1 млрд. долларро ташкил медиҳад. Дар доираи лоиҳа хатти 477 километраи интиқоли барқи 500 кВ аз зеристгоҳи Датка (Қирғизистон) то Хуҷанд сохта шуда, Сангтӯда, Кобул ва Пешовар бо хатти баландшиддати интиқоли барқи 750 километра пайваст мешаванд.

Хароҷоти амалисозии лоиҳа тариқи зайл тақсим шудааст: Тоҷикистон – $314 млн., Қирғизистон – $209 млн., Афғонистон – $354 млн. ва Покистон – $209 млн. Маросими расмии оғози амалисозии лоиҳа 12 сентябри соли 2016 дар шаҳри Турсунзода бо иштироки сарони кишварҳои узви лоиҳа доир гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.