Вазорати маориф: арчагузорӣ дар мактабҳо қатъиян манъ аст

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон изҳор медорад, ки арчаҳои солинавӣ гузоштан дар мактабҳоро қатъиян манъ кардааст. Бо дархости падару модарон. «Бо дархости волидон барои роҳ надодан ба ҷамъоварии пул барои хароҷот ва исрофкорӣ чунин тасмим гирифта шуд», – мегӯянд дар вазорат. «Бисёре аз падару модарон ба телефонии боварии Вазорат занг зада, дархост намуданд, ки барои […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон изҳор медорад, ки арчаҳои солинавӣ гузоштан дар мактабҳоро қатъиян манъ кардааст. Бо дархости падару модарон.

«Бо дархости волидон барои роҳ надодан ба ҷамъоварии пул барои хароҷот ва исрофкорӣ чунин тасмим гирифта шуд», – мегӯянд дар вазорат.

«Бисёре аз падару модарон ба телефонии боварии Вазорат занг зада, дархост намуданд, ки барои роҳ надодан ба ҷамъоварии пул барои хароҷот, гузоштани арчаҳои солинавӣ дар мактабҳо манъ карда шавад. Мо ин дархостро мувофиқи мақсад ва оқилона дониста, чунин қарор қабул кардем», – хабар дод ба «Азия-Плюс» сардори Раёсати маълумоти томактабӣ ва мактабии Вазорат Абдуҷаббор Алиев.

Ӯ қайд кард, ки наврасону ҷавонон дар чорабиниҳои идонаи солинавӣ, ки дар ҳамаи ноҳияҳои Душанбе ташкил мешаванд, иштирок карда метавонанд.

«Таътили тобистонаи хонандагон аз 1 то 31 январ идома ёфта, мо барои онҳо рӯйхати китобҳоро тартиб додем, то ки дар таътил ба мутолиа машғул шаванд. Барои хонандагоне, ки дар олимпиадаҳо иштирок мекунанд, ҳангоми таътил машғулиятҳои иловагӣ гузаронида мешавад», – гуфт манбаъ. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиётӣ динӣ наздикӣ 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.