Ҷамъоварии беш аз 180 ҳазор тонна мева дар Тоҷикистон

Соли равон дар Тоҷикистон наздик ба 183 ҳазор тонна мева ҷамъоварӣ шуд, ки нисбат ба соли гузашта 21,3 ҳазор тонна зиёдтар аст. Бино ба маълумоти пешакии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, то санаи 18 декабр дар вилояти Суғд – 83 ҳазору 622 тонна, Хатлон – 68 ҳазору 56 тонна, ноҳияҳои тобеи марказ – 22 ҳазору 623 тонна […]

Asia-Plus

Соли равон дар Тоҷикистон наздик ба 183 ҳазор тонна мева ҷамъоварӣ шуд, ки нисбат ба соли гузашта 21,3 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти пешакии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, то санаи 18 декабр дар вилояти Суғд – 83 ҳазору 622 тонна, Хатлон – 68 ҳазору 56 тонна, ноҳияҳои тобеи марказ – 22 ҳазору 623 тонна ва ВМКБ – 8 ҳазору 542 тонна ҳосил мева ҷамъоварӣ шудааст.

Дар Вазорат ҳосили хуби имсолаи ангурро қайд мекунанд: соли равон дар саросари кишвар наздики 114 ҳазор тонна ҳосили ангур гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20,6 ҳазор тонна бештар мебошад.

Бо вуҷуди афзудани ҷамъоварии ҳосили ангур дар соли равон ба андозаи беш аз 20 фоиз, арзиши он дар бозори дохилӣ қариб дар як сатҳ бо соли гузашта – аз 4 то 12 сомонӣ барои 1 кило боқӣ мемонад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ