Муҳоҷири тоҷик ҳамсари бевафояшро куштанӣ шуд

Сокини Панҷакент аз ҳиссиёти рашк ҳамсарашро барои ба каси дигар ба шавҳар баромадан замони дар муҳоҷират қарор доштанаш куштанӣ шуд. Бино ба иттилои ВКД Тоҷикистон, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ марди 41-солаи сокини деҳаи Қуштеппаи шаҳри Панҷакентро ҳамчун гумонбар дар суйиқасд ба куштор дастгир намудаанд. «Номбурда аз муҳоҷирати меҳнатӣ аз Федератсияи Россия баргашта, хабардор шудааст, ки […]

Asia-Plus

Сокини Панҷакент аз ҳиссиёти рашк ҳамсарашро барои ба каси дигар ба шавҳар баромадан замони дар муҳоҷират қарор доштанаш куштанӣ шуд.

Бино ба иттилои ВКД Тоҷикистон, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ марди 41-солаи сокини деҳаи Қуштеппаи шаҳри Панҷакентро ҳамчун гумонбар дар суйиқасд ба куштор дастгир намудаанд.

«Номбурда аз муҳоҷирати меҳнатӣ аз Федератсияи Россия баргашта, хабардор шудааст, ки ҳамсараш, зани 32-сола ба сокини ҷамоати деҳоти Х.Ҳасани шаҳри мазкур ба шавҳар баромадааст», – омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, охири моҳи ноябр ӯ аз ҳиссиёти рашк бо мақсади ба қатл расонидани собиқ ҳамсараш бо корд якчанд маротиба ба аъзои бадани зан мезанад, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ