ИМА Қодировро ба шиканҷаву поймолкунии ҳуқуқи инсон айбдор кард

Вазорати молияи ИМА номи президенти Чеченистон Рамазон Қодировро ба "рӯйхати Магнитский" ворид карда, ӯро дар муҷозоти ғайриқонунӣ, шиканҷа ва поймолкунии ҳуқуқи инсон айбдор мешавад. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба ҷуз ин, сардори пулиси шаҳри Аргуни Чеченистон Аюб Катаев ҳам шомили рӯйхати мазкур шудааст. Ӯ ба таъқиб ва шиканҷаи ҳамҷинсгароён дар Чеченистон […]

Бахши хабарии Осиёи Маркази, Asia-Plus

Вазорати молияи ИМА номи президенти Чеченистон Рамазон Қодировро ба "рӯйхати Магнитский" ворид карда, ӯро дар муҷозоти ғайриқонунӣ, шиканҷа ва поймолкунии ҳуқуқи инсон айбдор мешавад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба ҷуз ин, сардори пулиси шаҳри Аргуни Чеченистон Аюб Катаев ҳам шомили рӯйхати мазкур шудааст. Ӯ ба таъқиб ва шиканҷаи ҳамҷинсгароён дар Чеченистон айбдор аст. Вазорати молияи Амрико низ шаҳрвандони Русия Андрей Павлов, Алексей Шешеня ва Юлия Майороваро ба рӯйхат ворид кардааст.

"Эъломияи Магнитский"-ро Конгресси ИМА соли 2012 қабул карда, Бритониё низ гузинаи худро дорад. Литва ва Канада ҳам моҳи ноябри соли равон ин гуна қонунро қабул карданд.

Санад ба номи ҳуқуқшиноси бунёди Hermitage Capital Сергей Магнитский гузошта шудааст. Ӯ як нақшаи бузурги дуздии пули буҷаи Русияро ошкор карда буд. Мақомоти рус Магнитскийро ба саркашӣ аз пардохти андоз айбдор карданд ва вай соли 2009 дар боздоштгоҳи муваққати шаҳри Москва ба далели нарасонидани ёрии тиббӣ ҷон дод.

Ба "рӯйхати Магнитский" номи шахсоне ворид карда мешавад, ки ба гуфтаи мақомоти ИМА, дар фасодкорӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон даст доранд.

Дар шарҳи ин масъала роҳбари Чеченистон дар в Instagram қайд кард, ки «яъне онҳо риояи ҳуқуқҳои инсонро нодида мегиранд». «Эҳ бечора амрикоиҳо! Як кишвари хурду вале сарбаланд як давлати бузургро орому осуда намегузорад», – навиштааст Қодиров.

Ӯ зикр кардааст, ки аз номақбул буданаш ба хадамоти махсуси ИМА ифтихор дорад. Қодиров гуфтааст, барои «тамоми умр бо террористони хориҷӣ, ки миёнашон гумоштагони хадамоти махсуси амрикоӣ низ буданд, мубориза бурданашро амрикоиҳо бахшида наметавонанд».

«Вале бигзор ИМА дар ташвиш набошад. Ман ҳоло фармони ба сарзамини ИМА по гузоштанро нагирифтаам, – таъкид доштааст роҳбари Чеченистон. – Онҳо таърихи чеченҳоро медонанд, ки замоне Мавлид Висаитов (қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ) бо асп то Элба рафта, аз президенти Амрико ордени «Легион почета» (Легиони фахрӣ)-ро гирифт».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Мавқеи Тоҷикистон дар “Шохиси шаффофияти буҷет” беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.