Ҳунарманди халқӣ Мушаррафа Қосимова 100-сола шуд

Вазири фарҳанги Тоҷикистон ва як гурӯҳе аз ходимони театри ҷумҳурӣ ба аёдати Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Мушаррафа Қосимова рафтанд, ки 100-солагиашро ҷашн мегирад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳнги ҷумҳурӣ, Мушаррафа Қосимова, ки ба синни мубораки 100 қадам ниҳодааст, аз дидори дӯстону ҳамкасбон ва шогирдонаш хеле хурсанд гардид. «Ташаккур, ки маро ёд кардед, сарам ба […]

Asia-Plus

Вазири фарҳанги Тоҷикистон ва як гурӯҳе аз ходимони театри ҷумҳурӣ ба аёдати Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Мушаррафа Қосимова рафтанд, ки 100-солагиашро ҷашн мегирад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳнги ҷумҳурӣ, Мушаррафа Қосимова, ки ба синни мубораки 100 қадам ниҳодааст, аз дидори дӯстону ҳамкасбон ва шогирдонаш хеле хурсанд гардид. «Ташаккур, ки маро ёд кардед, сарам ба осмон расид. Ташрифи шумо барои ман нерӯи нав мебахшад», – изҳор дошт ӯ.

Мушаррафа Қосимоваро Арбоби ҳунари Тоҷикистон Тӯрахон Аҳмадхонов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Носир Ҳасанов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Фотима Ғуломова,  сардори раёсати санъати Вазорати фарҳанг Мирзоолим Саидов, директорони театрҳои пойтахт ва дигарон бо зодрӯзаш табрик гуфта, ба ӯ саломатии бардавом ва хушбахтии аҳли хонаводаро таманно намуданд.

«Тамоми кормандони театри кишвар шуморо устод ва модари худ медонанд», – иброз дошт Вазири фарҳанг ва илова намуд, ки аҳли театри тоҷик бо Мушаррафа Қосимова ифтихор мекунанд.

Фотима Ғуломова аз солҳои аввали фаъолияташ дар театр ёдовар шуда, нақл кард, ки Мушаррафа Қосимова дар ҳаёт модари дуввуми ӯ аст. «Модари ман дар театр Мушаррафа-ойтӣ ҳастанд, ки ба ман нозукиҳои касбро омӯхтаанд. Мушаррафа-ойтӣ ҳамеша беҳтарин маслиҳатгар, дӯст ва устоди ман ҳастанд. Ман хеле хушбахтам, ки аз нақшофариҳои якҷоя дар намоишҳои бешумор ва сафарҳои ҳунарӣ бо ин инсони наҷиб хотироти ғанӣ дорам» – гуфт Фотима Ғуломова.

Мушаррафа Қосимова иброз дошт, ки дар хонаи ӯ ҳамеша фазои театр эҳсос мешавад. «Аз аксҳо ва мусаввараҳои атроф худатон метавонед хулоса бароред, ки ман доимо бо театр ҳастам», – изҳор дошт ӯ.

Мушаррафа Қосимова даст бар дуо кушода, тамоми меҳмонон ва кормандони соҳаи фарҳангро дуои нек гуфт ва рушди фарҳанг ва санъати театриро таманно намуд.

Дар маълумотномаи Викиедия зикр мегардад, ки Мушаррафа Қосимова 19 декабри соли 1920, дар гузари Чорраҳаи ш.Самарқанд чашм ба олами ҳастӣ кушод. Ҳунарманд бештар чун иҷрокунандаи нақшҳои маишӣ дар саҳнаи театр шинохта шудааст. Тамоми умр, ӯ ҳамчун ҳунарпешаи Театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ (1937-1983) ва аз соли 1989 – дар театра-студияи «Гаҳвора» ҳунарнамоӣ намудааст. Дар кинематографи тоҷик аз соли 1956 фаъолият намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.