Муҳоҷири тоҷик ҳамсари бевафояшро куштанӣ шуд

Date:

Сокини Панҷакент аз ҳиссиёти рашк ҳамсарашро барои ба каси дигар ба шавҳар баромадан замони дар муҳоҷират қарор доштанаш куштанӣ шуд.

Бино ба иттилои ВКД Тоҷикистон, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ марди 41-солаи сокини деҳаи Қуштеппаи шаҳри Панҷакентро ҳамчун гумонбар дар суйиқасд ба куштор дастгир намудаанд.

«Номбурда аз муҳоҷирати меҳнатӣ аз Федератсияи Россия баргашта, хабардор шудааст, ки ҳамсараш, зани 32-сола ба сокини ҷамоати деҳоти Х.Ҳасани шаҳри мазкур ба шавҳар баромадааст», – омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, охири моҳи ноябр ӯ аз ҳиссиёти рашк бо мақсади ба қатл расонидани собиқ ҳамсараш бо корд якчанд маротиба ба аъзои бадани зан мезанад, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...