Кумаки сафорати ИМА ба бунёди бинои нави шуъбаи Хадамоти гумрук дар Мурғоб

Иттилоияи расмӣ

Дар бинои Хадамоти гумруки назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Кордори Сафорати ИМА Кевин Коверт ба Абдуфатоҳи Ғоиб, роҳбари Хадамоти гумрук калидҳои бинои нави хадамотро воқеъ дар ноҳияи Мурғоб супорид.

Бинои нав дар гузаргоҳи сарҳадии «Қизил-Арт» воқеъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирқизистон (қисмати дурдасти шимолу шарқи мамлакат) қарор дорад. Дар бинои мазкур 20 нафарро ҷойгир кардан мумкин аст. Илова бар ин, бино утоқҳои хобӣ, ошпазхона ва утоқҳои кориро дар бар мегирад.

Кордори Сафорати ИМА Кевин Коверт фаъолияти муҳими Хадамоти гумрукро эътироф намуда ва такроран итминони эҳтироми Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро нисбат ба мустақилияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амнияти сарҳадоти худ изҳор намуд.

Идораи муборизаи байналмиллалӣ алайҳи маводи мухаддир ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи (INL) Департаменти Давлатии ИМА барои сохтмон 76 ҳазору 7000 доллари ИМА-ро ҷудо намуд. Соли оянда, бо мақсади бо барқ таъмин намудани бино, INL маблағгузории насби турбинаҳои шамолӣ ва батареяҳои офтобиро ба нақша гирифтааст.

Дар давоми 10 соли охир барои таъмини амнияти марзҳои Тоҷикистон INL тақрибан 9 млн. доллари ИМА-ро кумак кард. Ин маблағ асосан барои сохтмони иншоот, омодасозии кадрҳо ва интиқоли таҷҳизоти зарурӣ масраф гардид.

Тоҷикистон шарики муҳим дар чорчўбаи Стратегияи ИМА оиди Осиёи Ҷанубӣ маҳсуб меёбад. Ҳадаф аз Стратегияи мазкур таҳкими амният, субот ва шукуфоӣ дар саросари минтақа мебошад. Дар доираи муносибатҳои шарикӣ байни ИМА ва Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидани кўмак ҷиҳати таъмини амният ва субот дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...