Кумаки сафорати ИМА ба бунёди бинои нави шуъбаи Хадамоти гумрук дар Мурғоб

Дар бинои Хадамоти гумруки назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Кордори Сафорати ИМА Кевин Коверт ба Абдуфатоҳи Ғоиб, роҳбари Хадамоти гумрук калидҳои бинои нави хадамотро воқеъ дар ноҳияи Мурғоб супорид. Бинои нав дар гузаргоҳи сарҳадии «Қизил-Арт» воқеъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирқизистон (қисмати дурдасти шимолу шарқи мамлакат) қарор дорад. Дар бинои мазкур 20 нафарро ҷойгир […]

Иттилоияи расмӣ

Дар бинои Хадамоти гумруки назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Кордори Сафорати ИМА Кевин Коверт ба Абдуфатоҳи Ғоиб, роҳбари Хадамоти гумрук калидҳои бинои нави хадамотро воқеъ дар ноҳияи Мурғоб супорид.

Бинои нав дар гузаргоҳи сарҳадии «Қизил-Арт» воқеъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирқизистон (қисмати дурдасти шимолу шарқи мамлакат) қарор дорад. Дар бинои мазкур 20 нафарро ҷойгир кардан мумкин аст. Илова бар ин, бино утоқҳои хобӣ, ошпазхона ва утоқҳои кориро дар бар мегирад.

Кордори Сафорати ИМА Кевин Коверт фаъолияти муҳими Хадамоти гумрукро эътироф намуда ва такроран итминони эҳтироми Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро нисбат ба мустақилияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амнияти сарҳадоти худ изҳор намуд.

Идораи муборизаи байналмиллалӣ алайҳи маводи мухаддир ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи (INL) Департаменти Давлатии ИМА барои сохтмон 76 ҳазору 7000 доллари ИМА-ро ҷудо намуд. Соли оянда, бо мақсади бо барқ таъмин намудани бино, INL маблағгузории насби турбинаҳои шамолӣ ва батареяҳои офтобиро ба нақша гирифтааст.

Дар давоми 10 соли охир барои таъмини амнияти марзҳои Тоҷикистон INL тақрибан 9 млн. доллари ИМА-ро кумак кард. Ин маблағ асосан барои сохтмони иншоот, омодасозии кадрҳо ва интиқоли таҷҳизоти зарурӣ масраф гардид.

Тоҷикистон шарики муҳим дар чорчўбаи Стратегияи ИМА оиди Осиёи Ҷанубӣ маҳсуб меёбад. Ҳадаф аз Стратегияи мазкур таҳкими амният, субот ва шукуфоӣ дар саросари минтақа мебошад. Дар доираи муносибатҳои шарикӣ байни ИМА ва Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидани кўмак ҷиҳати таъмини амният ва субот дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.