Президент бонкҳоро омили боздорандаи рушди кишвар номид

Зимни ироаи Паёми ҳамасола ба парлумон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар фурсатҳои кӯтоҳтарин оид ба солимгардонии ду бонки низомсози кишвар – «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» нақшаи тадбирҳои иловагӣ таҳия карда шавад. Тадбирҳои қаблан дар мавриди ин масъала амалишударо Сарвари давлат ғайриқаноатбахш арзёбӣ кард. Ба Бонки миллии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки бо истифода […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Зимни ироаи Паёми ҳамасола ба парлумон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар фурсатҳои кӯтоҳтарин оид ба солимгардонии ду бонки низомсози кишвар – «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» нақшаи тадбирҳои иловагӣ таҳия карда шавад.

Тадбирҳои қаблан дар мавриди ин масъала амалишударо Сарвари давлат ғайриқаноатбахш арзёбӣ кард.

Ба Бонки миллии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои рушдёфта, дар сиёсати пуливу қарзӣ ва ба сурати умум дар соҳаи бонкии ҷумҳурӣ ислоҳот роҳандозӣ намояд.

Эмомалӣ Раҳмон «бо мақсади роҳандозии рақобати солим дар бозори хизматгузории бонкӣ ва дастрасии аҳолӣ ба воситаҳои молиявӣ, ҳамчунин афзоиши сармоягузорӣ» ба соҳаи бонкӣ, дастур дод, ки ҳаҷми сармояи ҳадди ақали оинномавӣ 30 млн. сомонӣ – аз 80 млн. сомонии ҳозира то ба 50 млн. сомонӣ кам карда шавад.

«Яке аз омилҳои боздоранда (тормоз)-и асосӣ, ки ба рушди иқтисодии ҷумҳурӣ монеъа эҷод мекунад, низоми номукаммали бонкӣ ва пуливу қарзӣ мебошад», – илова кард Сарвари давлат.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ