Президент бонкҳоро омили боздорандаи рушди кишвар номид

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Зимни ироаи Паёми ҳамасола ба парлумон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар фурсатҳои кӯтоҳтарин оид ба солимгардонии ду бонки низомсози кишвар – «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» нақшаи тадбирҳои иловагӣ таҳия карда шавад.

Тадбирҳои қаблан дар мавриди ин масъала амалишударо Сарвари давлат ғайриқаноатбахш арзёбӣ кард.

Ба Бонки миллии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои рушдёфта, дар сиёсати пуливу қарзӣ ва ба сурати умум дар соҳаи бонкии ҷумҳурӣ ислоҳот роҳандозӣ намояд.

Эмомалӣ Раҳмон «бо мақсади роҳандозии рақобати солим дар бозори хизматгузории бонкӣ ва дастрасии аҳолӣ ба воситаҳои молиявӣ, ҳамчунин афзоиши сармоягузорӣ» ба соҳаи бонкӣ, дастур дод, ки ҳаҷми сармояи ҳадди ақали оинномавӣ 30 млн. сомонӣ – аз 80 млн. сомонии ҳозира то ба 50 млн. сомонӣ кам карда шавад.

«Яке аз омилҳои боздоранда (тормоз)-и асосӣ, ки ба рушди иқтисодии ҷумҳурӣ монеъа эҷод мекунад, низоми номукаммали бонкӣ ва пуливу қарзӣ мебошад», – илова кард Сарвари давлат.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...