Кобул изҳороти Кобуловро рад мекунад

Asia-Plus

Намояндаи махсуси президенти Русия, директори департаменти дуюми Осиёи Вазорати корҳои хориҷии Русия Замир Кобулов дар мусоҳиба хабаргузории РИА Новости изхор намуд, ки шумори гурӯҳи ҷангиёни Давлати исломӣ дар Афғонистон ба зиёда аз 10 ҳазор нафар расида, зиёдшавии шумори онҳо аз ҳисоби аъзои дар Ироқу Сурия ҷангида рӯ ба афзоиш дорад ва ғайр аз ин, дар музофотҳои ҷудогонаи Афғонистон пайдо шудани аъзои гурӯҳи Давлати исломӣ ба мушоҳида мерасад.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати мудофиаи Афғонистон ин маълумотро рад мекунад. Сухангӯи Вазорат Давлат Вазирӣ, ки Радиои Озодӣ ба гуфтаҳои ӯ такя мекунад, изҳор доштааст, ки «ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Русия инро медонанд, ки ДИИШ дар Афғонистон саркӯб шуда, дар ҳоли ҳозир, шумори ҷангҷӯёни ин гурӯҳ ба садҳо тан коҳиш ёфтааст».

«Шумори ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ дар Афғонистон ҳазорон не, балки садҳо тан мебошад, – гуфтааст ӯ. – Агар мо фаъолияти гурӯҳи Давлати исломӣро аз аввал дар назар бигирем, мумкин аст, шуморашон аз шаш то ҳафт ҳазор тан буд. Аз ин миён ҳазорон тани онҳо кушта шуданд. Теъдоди дигар захмӣ шуда, баъзеашон боздошт гардиданд. Ончиро ки Замир Кобулов гуфтааст, изҳороти худаш аст».

Намояндаи махсуси президенти Русия ҳамчунин қайд кардааст, ки ҳукуматдорони Афғонистон дар бораи омода кардани «харитаи роҳ» оид ба гуфтушунидҳои осоишта бо ҳаракати Толибон изҳори назар кардаанд, ки ин тасмимро «метавон иқдоми мусбат арзёбӣ намуд, вале дар ҳама гуна ҳолат, ба имконоти Русия дар воситаҳои таъсир ба ин ҳаракат аз ҳад зиёд баҳогузорӣ лозим нест».

Кобулов ҳамчунин илова кардааст, ки гурӯҳҳои террористон аз ҳама бештар дар шимоли Афғонистон, наздикии сарҳад бо Тоҷикистону Афғонистон ҳузур доранд.

«Ҳадафи аслии Давлати исломӣ густариши таъсир берун аз ҳудуди Афғонистон аст, ки онро такягоҳи худ мешуморанд. Ин омил ба таъмини амнияти пеш аз ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои ҷануби Русия хатари ҷидӣ эҷод мекунад», – гуфтааст ӯ.

Коршиноси тоҷики масоили Афғонистон Қосими Бекмуҳаммад низ чунин назар дорад.«Баъди дар Сурияву Ироқ заъиф шудани мавқеи «Давлати исломӣ», имрӯз барои онҳо ҷойи муносиб Афғонистон аст. Тибқи маълумоти хадамоти иктишофии ИМА, аввали соли ҷорӣ аз 2 то 3 ҳазор аъзои «Давлати исломӣ» дар Афғонистон меҷангиданд», – изҳор дошта буд коршинос дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...