Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти ғайрирасмии ИДМ дар Маскав

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пагоҳ, 26 декабр дар ҷаласаи ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Маскав иштирок мекунад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, Эмомалӣ Раҳмон субҳи рӯзи сешанбе ба Маскав раҳсипор гардида, шоми ҳамон рӯз ба Душанбе бармегардад. Зимнан зикр гардид, ки дар ҳошияи […]

Аваз Юлдошев

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пагоҳ, 26 декабр дар ҷаласаи ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Маскав иштирок мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, Эмомалӣ Раҳмон субҳи рӯзи сешанбе ба Маскав раҳсипор гардида, шоми ҳамон рӯз ба Душанбе бармегардад.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҳошияи кори нишаст дидору гуфтушунидҳои Сарвари давлати Тоҷикистон бо як қатор ҳамтоҳояш аз кишварҳои ИДМ дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки соли 2018 раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Русия ба уҳдаи Тоҷикистон вогузор шуда, ҷаласаи сарони кишварҳо ва ҳукуматҳои давлатҳои узви Иттиҳод соли оянда дар Душанбе доир мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.