Соли нави имсол барфро интизор шавем?

Намедонӣ, имсол дар шаби Соли нав барф меборида бошад? – чунин аст саволи аз ҳама сершумор миёни мардум пеш аз ҳафтаи Соли нави мелодӣ ва бо ҳарчи наздик шудани санаи 31 декабр, ин савол боз ҳам бештар садо медиҳад. Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, шаби Соли нав дар ҷумҳурӣ боридани барф дар назар набуда, ҳарорат то […]

Asia-Plus

Намедонӣ, имсол дар шаби Соли нав барф меборида бошад? – чунин аст саволи аз ҳама сершумор миёни мардум пеш аз ҳафтаи Соли нави мелодӣ ва бо ҳарчи наздик шудани санаи 31 декабр, ин савол боз ҳам бештар садо медиҳад.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, шаби Соли нав дар ҷумҳурӣ боридани барф дар назар набуда, ҳарорат то 5 дараҷа гарм мешавад. Санаи 31 декабр обуҳаво дар пойтахт беборишу гарм – то 17 дараҷа гарм хоҳад шуд ва чунин обуҳаво то 6 январ идома меёбад.

Ҳафтаи равон дар пойтахт обуҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, то 28 декабр ҳавои боронӣ дар назар аст, вале охири ҳафта обуҳаво софу бебориш мешавад.

Ёдрас мекунем, ки солҳои охир ҳарчанд дар остонаи Соли нав дар Тоҷикистон барфи зиёд наборида бошад ҳам, вале обуҳаво на он қадр гарм буд. Соли 2015 тамоми моҳи декабр сербарфу сард омада, лекин шаби Соли нав барфҳо аллакай об шуда буданд.

Соли 2015 обуҳавои сарду барфрезиҳо дар Тоҷикистон ҳанӯз моҳи ноябр шурӯъ шуда буданд. Он замон ҳатто Душанбе ҳам ғарқи барф шуда буд. Баъдан сардиҳо моҳи декабр такрор шуда, вале барф то Соли нав боқӣ намонд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.