Боз ба таъхир гузошта шудани бекор кардани андози «роҳ». Акнун то охири соли 2020

Андоз барои истифодбарандагони роҳҳои автомобилгард дар Тоҷикистонро, ки ҳуқумат бекор карданашро ваъда дода буд, бекор намешавад. Қаблан пешбинӣ шуда буд, ки ан андоз аз 1 январи соли 2018 бекор карда мешавад. Охири соли гузашта Вазорати молияи ҷумҳурӣ изҳор намуда буд, ки агар соли 2017 андози «роҳ» бекор мешуд, ба буҷети давлатӣ 360 млн. сомонӣ камтар […]

Аваз Юлдошев

Андоз барои истифодбарандагони роҳҳои автомобилгард дар Тоҷикистонро, ки ҳуқумат бекор карданашро ваъда дода буд, бекор намешавад. Қаблан пешбинӣ шуда буд, ки ан андоз аз 1 январи соли 2018 бекор карда мешавад.

Охири соли гузашта Вазорати молияи ҷумҳурӣ изҳор намуда буд, ки агар соли 2017 андози «роҳ» бекор мешуд, ба буҷети давлатӣ 360 млн. сомонӣ камтар маблағ ворид мегардид. Он замон вазорат пешниҳод кард, ки бекор кардани андози мазкур то аввали соли 2018 мавқуф гузошта шавад.

Лекин чанд рӯз пеш ҳукумати Тоҷикистон бо дархости бори дигар мавқуф гузоштани бекор кардани ин андоз – акнун то охири соли 2020 ба парлумон муроҷиат кард. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Алҳол маълум нест, ки вакилон ба ин дархост чӣ гуна муносибат мекарда бошанд: Маҷлиси намояндагон ин масъаларо то охири моҳи декабр баррасӣ мекунад.

Ёдрас мекунем, ки ҳанӯз соли 2012 зимни баррасӣ ва қабули Кодекси нави андоз эълон шуда буд, ки ҳаҷми андоз аз истифодаи роҳҳои автомобилгард аз моҳи январи соли 2016 кам шуда, минбаъда умуман бекор карда мешавад.

Дар Паёми худ ба парлумон аз 23 апрели соли 2014 президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор карда буд, ки андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард аз 1 январи соли 2015 коҳиш ёфта, аз 1 январи соли 2017 пурра бекор мешавад. Вале…

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми даромади буҷети кишвар дар соли 2018 аз андози истифодаи роҳҳои автомобилгард 360 млн. сомонӣ муқаррар шудааст. Дар бораи чӣ гуна пардохт шудани андози мазкур аз ин суроға маълумоти муфассал дарёфт карда метавонед. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.