Туҳфаи солинавии Алишер Усмонов ба сокинони Ӯзбекистон

Дар Қасри санъати "Истиқлол"-и шаҳри Тошканд рӯзи 28 декабр консерти яке аз машҳуртарин сарояндаҳои Испания Энрике Иглесиас баргузор мешавад, маблағи харҷи онро яке аз сарватмандони ӯзбектабори Русия Алишер Усмонов пардохт мекунад. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон ва Иттиҳоди ҷавонони ин кишвар дар якҷоягӣ бо чанд созмони дигар билетҳои консерти […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар Қасри санъати "Истиқлол"-и шаҳри Тошканд рӯзи 28 декабр консерти яке аз машҳуртарин сарояндаҳои Испания Энрике Иглесиас баргузор мешавад, маблағи харҷи онро яке аз сарватмандони ӯзбектабори Русия Алишер Усмонов пардохт мекунад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон ва Иттиҳоди ҷавонони ин кишвар дар якҷоягӣ бо чанд созмони дигар билетҳои консерти мазкурро миёни ҷавонони боистеъдоди ӯзбек ройгон тақсим мекунанд.

Гуфта мешавад, ба ҷуз ин, ҷавонони муассисаҳои таълимии гуногун, ки дар таҳсил ба дастовардҳо мушарраф шудаанд, низ метавонанд ба консерт роҳ ёбанд.

Зикр мегардад, ки Энрике Иглесиас – севумин сарояндаи ғарбӣ аст, ки дар моҳи ҷорӣ бо даъвати Алишер Усмонов ба Ӯзбекистон меояд. Дар моҳи ҷорӣ то ин дам сарояндаи бритониёӣ Роббӣ Уилямс ва ҳунарманди машҳури испанӣ Хосе Каррераса дар Тошканд ҳунарнамоӣ карданд.

Расонаҳои маҳаллӣ менависанд, консерти ситораҳои Ғарб дар Тошканд туҳфаи солинавии Усмонов ба сокинони Ӯзбекистон аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.