Ҳимоя ба ҳукм нисбати Умар Мирзоев ба ҷурми терроризм розӣ нест

Сайраҳмон Назриев, махсус барои Asia-Plus

Суди вилояти Хатлон сокини шаҳри Душанберо барои ташкили гурӯҳи ифротгаро (экстремистӣ) ба 20 соли зиндон маҳкум кард. Ҷониби ҳимоя ва наздикони маҳкумшуда ба он розӣ нестанд.

Умар Мирзоеви 26-соларо суд дар содир намудани ҷиноятҳо мувофиқи 7 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (терроризм, ташкили гурӯҳи ифротгаро, зархаридӣ (кирокунӣ), ҷалби шаҳрвандон ба гурӯҳи ҷиноятпеша, даъват ба тағйири сохти конститутсионӣ ва ғайра) гунаҳкор эътироф намуд.

«Мо бо ин ҳукми суд розӣ набуда, аз болои он ба Суди олии ҷумҳурӣ шикояти таҷдиди назар (кассатсионӣ) пешниҳод кардем», – хабар дода ба «Азия-Плюс» адвокати маҳкумшуда Шералӣ Қарахонов.

Бино ба маълумоти тафтишоти пешакӣ, Умар Мирзоев ба тарҳрезии якчанд амали террористӣ дар қаламрави Тоҷикистон роҳбарӣ мекардааст.

Тибқи маълумоти як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар шаҳри Толятии Русия ӯ аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ гурӯҳи террористӣ созмон додааст.

«Мирзоев тариқи ҷалб бо шабакаҳои иҷтимоӣ соли 2014 ба фаъолияти ифротгароӣ шурӯъ намуда, соли 2015 ба бунёди гурӯҳи Давлати исломӣ дар қаламрави Тоҷикистон оғоз мекунад ва ба чор муҳоҷире, ки ба ватан бармегаштанд, барои дар қаламрави кишварашон содир намудани амали террористӣ мукофотпулӣ ваъда мекунад, вале ин муҳоҷирон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт ва ба муҳлатҳои гуногуни зиндон маҳкум мешаванд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷараёни тафтишоти пешакии парванда нисбати чор нафар муҳоҷирон, ба мақомот муяссар гардид, ки номи ташкилкунанда ва фармоишгарро муайян кунад, ки ин шахс Умар Мирзоев буд. Бо дархости Тоҷикистон Мирзоев аз ҷониби Хадамоти федералии амнияти Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Адвокати Мирзоев изҳор намуд, ки дар ҷараёни тафтишоти парванда ва баррасии он дар мурофиаи судӣ зерҳимояи ӯ гуноҳашро эътироф накард.

«Чор нафар муҳоҷири қаблан маҳкумшуда, ки дар парванда нисбати Умар Мирзоев шоҳидӣ доданд, баёноти пешинаи худро рад карданд. Зерҳимояи ман низ тасдиқ намуд, ки бо онҳо дар Русия ҳамагӣ ду маротиба вохӯрдааст, вале барои содир намудани амалҳои террористӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба онҳо ҳеҷ гуна дастуре надодааст. Бинобар ин, мо ҳукмро ноадолатона шуморида, бо тартиби таҷдиди назар аз болои он ба Суди олӣ шикоят бурдем», – зикр кард Қарахонов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...