Дастури Озода Раҳмон бобати ройгон ҷудо кардани толор барои консерти хайрия

Роҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Озода Раҳмон ба Филармонияи давлатӣ дастур додааст, ки барои баргузор намудани консерти хайрия ҷиҳати кумак ба писари овозхони маъруф Дилноза Каримова бепул толор ҷудо карда шавад. «Нома имрӯз ба мо расид ва албатта ҳамаашро ташкил мекунем. Консерт рӯзи 6 январ ба нақша гирифта шудааст. Толори филармония 899 ҷойи нишаст дорад», […]

Роҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Озода Раҳмон ба Филармонияи давлатӣ дастур додааст, ки барои баргузор намудани консерти хайрия ҷиҳати кумак ба писари овозхони маъруф Дилноза Каримова бепул толор ҷудо карда шавад.

«Нома имрӯз ба мо расид ва албатта ҳамаашро ташкил мекунем. Консерт рӯзи 6 январ ба нақша гирифта шудааст. Толори филармония 899 ҷойи нишаст дорад», – хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз филармония.

Ба гуфтаи роҳбари маркази продюсерии «Шоира», ташкилкунандаи конесрт Шоираи Раҳимҷон, мактуб ба дастгоҳи президент се рӯз пеш фиристода шудааст.

«Вақте мо ба филармония муроҷиат кардем, раҳбарияти он ба мо гуфтанд, ки толор дар ихтиёри дастгоҳи президент қарор дорад. Мо дарҳол ба Озода Раҳмон муроҷиат кардем, то ки ҳарчи зудтар толор ҷудо шуда, ба наҷоти Диёрбеки хурдсол кумак кунем, вале интизорӣ надоштем, ки ин қадр зуд ба мактуби мо расидагӣ мекунанд. Озода Раҳмон худи ҳамон рӯз дастур дода, мушкили моро ҳал кард», – таъкид дошт Шоира Раҳимҷон.

Ба гуфтаи ӯ, баъди маълум шудани ба пул эҳтиёҷ доштани Дилноза Каримова барои табобати фарзанди ба бемории саратон гирифтораш – Диёрбек Аминҷонови 6-сола, дарҳол доир ба баргузории консерти хайрия ҷиҳати дастгирӣ тасмим гирифта шуд.

Диёрбеки хурдсол айни замон дар маркази саратоншиносии шаҳри Бишкек бистарӣ буда, баъди дастрас шудани маблағ, метавонад дар Маскав муолиҷа гирад.

«Диёрбек ду моҳ бемор шуда, табибони Бишкек тавсия додаанд, ки ӯро барои муолиҷа ба марказҳои маъруфи саратоншиносӣ дар Русия, Ҳиндустон ё Туркия баранд. Қарор шуд, ки Диёрбекро ба Маскав мебаранд, вале барои ин на камтар аз 6 млн. рубл маблағ лозим аст», – хабар додааст Шоира Раҳимҷон.

Консерти хайрия бо иштироки бисёре аз ситораҳои эстрадаи тоҷик санаи 6 январ доир мегардад. Билетҳо дар кассаҳои Филармонияи давлатӣ фурӯхта мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.