Гумонбарии 2 афсари милитсияи тоҷик ба порагирӣ

Asia-Plus

Ду афсари милитсия, кормандони Шуъбаи ВКД дар шаҳри Турсунзода аз ҷониби кормандони Агентии зиддифасод ба гумони порагирӣ боздошт шуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Агентии зиддифасод, ба ин гумон сардори шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШВКД дар шаҳри Турсунзода майори милитсия Қамариддин Орифзода ва нозири минтақавии маҳаллаи 4-уми шаҳри Турсунзода капитани милитсия Акбар Ҷонбобоев дастгир шудаанд, ки аз шаҳрванд «А» ба ивази аз масъулият озод кардани бародараш 8 ҳазор сомонӣ пора талаб кардаанд.

«Баъди гирифтани 4 ҳазор сомонӣ аз маблағи талабнамудаашон, бародари шаҳрванд “А”-ро аз тавқифгоҳи муваққатии нигаҳдории шуъба озод карда, боз овардани маблағи 2 ҳазор сомонии дигарро талаб намуданд», – омадааст дар маълумоти Агентӣ.

Гуфта мешавад,  кормандони Агентӣ Орифзодаро дарҳол баъди аз шаҳрванд «А» гирифтани 2 ҳазор сомонӣ дастгир кардаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати Қамариддин Орифзода ва Акбар Ҷонбобоев бо моддаи 319 қисми 4-и Кодекси ҷиноии ҶТ (гирифтани пора) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...