Tcell тоҷикистониёнро бо Соли Нав табрик мекунад!

Дар сароғози соли мелодии 2018, ширкати Tcell як зумра  чорабиниҳоро  ба анҷом расонид, ки ба ҳамватанонамон – аз ҳар гушаву канори Тоҷикистон, шодиву сурур ва руҳи болида бахшид. Бо хамрохи хатмкунандагони барномаи FLEX, ширкати  Tcell  ба аёдати кудакони маъюби ноҳияи Ҳисор равона шуд. Дар интернати мазкур 350 хонанда, таҳсил ва зиндаги менамоянд. Дар фазои идона […]

Иттилоияи расмӣ

Дар сароғози соли мелодии 2018, ширкати Tcell як зумра  чорабиниҳоро  ба анҷом расонид, ки ба ҳамватанонамон – аз ҳар гушаву канори Тоҷикистон, шодиву сурур ва руҳи болида бахшид.

Бо хамрохи хатмкунандагони барномаи FLEX, ширкати  Tcell  ба аёдати кудакони маъюби ноҳияи Ҳисор равона шуд. Дар интернати мазкур 350 хонанда, таҳсил ва зиндаги менамоянд. Дар фазои идона Бобои барфи ба кудакон тӯҳфаҳоро тақдим намуда бо рақсу бози Соли навро пешвоз гирифтанд.

Сокинони интернат кӯдакистони ноҳияи Шаҳринавро тӯҳфаи дигар интизор буд. Онҳо ба Душанбе, ба тамошои филми тасвири дар формати 3D равона гаштанд. Орзуи тамошои чунин филм ба онҳо таассуроти навин бахшид ва орзуҳои солинавиашон низ амали гардид.

Дар корхонаи марказии ширкат бошад, сокинони хурдсоли пойтахтро арчаи солинави бо Бобои Барфиву Барфак истиқбол гирифтанд. “Лоиҳаҳои мазкур доимо ба мо рӯҳи болида мебахшад. Мо якҷоя рақс ва бози карда, суруду шеър мехонем ва ҳар як хандаи кӯдак барои мо беҳамтост” – иброз доштанд коргарони ширкат.

Баъди Соли Нав низ ширкат тасмим гирифттааст ба мактаб интернатҳо сафарҳои идонаи худро давом диҳад. Дар шаҳри Хуҷанд арчаи солинави сокинони шаҳрро рӯзи 2-юми январ интизор аст (к. К. Хуҷанди, 164).

Дар саҳифаи расмии ширкат (Facebook) ба муштариён ва обунагаштагони саҳифаи мазкур озмунҳои солинавии гуногун гузаронида мешаванд, ки дар интиҳои он иштирокчиён соҳиби зиёда аз 50 адад тӯҳфаҳои гуногун мегарданд. Телефонҳои мобили, рақамхои “нуқрагин”, интернет бастахо ва ғайра соҳибони худро интизоранд.

Ширкати Tcell ҳамдиёронамонро бо Соли Нави 2018 муборакбод намуда ба ҳамагон саломативу бурдбориҳо ва комёбиву пирузи хоҳон аст!

_________________

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии халқҳои кишварҳои рӯ ба тараққӣ тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин кор мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.