Ҷалби таваҷҷуҳи сарони кишварҳои ИДМ ба вазъ дар Афғонистон

Дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Москва оид ба доираи васеи масъалаҳои дорои хусусияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ҳамчунин густариши минбаъдаи ҳамкории бисёрҷониба дар чорчӯби ИДМ мубодилаи афкори озод сурат гирифт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни мулоқоти ғайрирасмӣ сарони давлатҳо дар фазои ҳусни эътимод вазъи кунунии ҷаҳон […]

Дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Москва оид ба доираи васеи масъалаҳои дорои хусусияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ҳамчунин густариши минбаъдаи ҳамкории бисёрҷониба дар чорчӯби ИДМ мубодилаи афкори озод сурат гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни мулоқоти ғайрирасмӣ сарони давлатҳо дар фазои ҳусни эътимод вазъи кунунии ҷаҳон ва минтақаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар робита ба ин Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тамоюлҳои нигаронкунандаи соли 2017-ро дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ намуда, таваҷҷуҳи иштирокчиёни вохӯриро ба яке аз мавзӯъҳои асосии рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ – ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистон ҷалб намуд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти минтақавӣ ҷонибдори тақвияти минбаъдаи ҳамдастӣ дар мубориза бо хатару таҳдидҳои глобалӣ мебошад. 

Бо ишора ба вазифаҳои дарпешистодаи ИДМ Эмомалӣ Раҳмон муқаррароти асосии Консепсияи дар соли 2018 дар он раисӣ намудани Тоҷикистонро шарҳ дод. Масъалаҳои вобаста ба таъмини амният дар сарҳадҳои берунӣ, аз ҷумла дар сарҳадҳои ҷанубии Иттиҳод, иҷрои пайгиронаи барномаву нақшаҳое, ки дар чорчӯби Иттиҳод ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ қабул гардидаанд, ҳамчунин пешбурди робитаҳои гуманитарӣ ба ҳайси самтҳои афзалиятноки раисии Тоҷикистон дар ИДМ муайян карда шуданд.

Президенти Тоҷикистон изҳори итминон карданд, ки дар соли оянда рушди ҳамкориҳо дар чорчӯби Иттиҳод идомаи созанда хоҳад ёфт ва ба ҳамтоёни худ дар соли нав саодату рифоҳ ва комёбиҳои навин дар татбиқи нақшаҳои муайянкардаашон орзу намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.