Собиқ раиси БМТ ба наҷоти ду бонки буҳронӣ кӯшиш мекунад

Ҳукумати Тоҷикистон баҳри солимгардонии вазъи молиявӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ гурӯҳи нави корӣ таъсис дода, роҳбарии онро ба дӯши раиси кумитаи молия ва иқтисоди парлумон, собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Шариф Раҳимзода вогузор намуд. То ин дам баҳри аз буҳрон раҳо кардани бонкҳои тиҷоратӣ Вазорати молия ва Бонки миллӣ низ талош варзида, вале барномаи беҳбуди […]

Ҳукумати Тоҷикистон баҳри солимгардонии вазъи молиявӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ гурӯҳи нави корӣ таъсис дода, роҳбарии онро ба дӯши раиси кумитаи молия ва иқтисоди парлумон, собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Шариф Раҳимзода вогузор намуд.

То ин дам баҳри аз буҳрон раҳо кардани бонкҳои тиҷоратӣ Вазорати молия ва Бонки миллӣ низ талош варзида, вале барномаи беҳбуди вазъ дар муассисаҳои қарзии дорои мушкилот бо буҷети беш аз 3 млрд. сомонӣ тағйирти назаррасеро ба бор наовард.

Гурӯҳи кории мазкур ба масъалаи аз буҳрон раҳо кардани ду бонки дучори мушкилот – «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад кард.

Воситаҳои маҳдуди буҷет ба ҷудо кардани маблағҳои иловагӣ барои ҳалли мушкилот имкон намедиҳагд ва яке аз роҳҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда, аз эътибор соқит кардани қарзҳо аз андози бонкҳо назди буҷет мебошад, ки ба ин васила қисмате аз мушкилотро дар ин самт метавон ҳаллу фасл кард.

Дастрас кардани шарҳу тавзеҳи роҳбари гурӯҳи корӣ Шариф Раҳимзода муяссар нашуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.