Журналистон рӯи қабри Даврон Ғуфронов санг гузоштанд

Бо ташаббуси як гурӯҳе аз рӯзноманигорон ва дастгирии Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) рӯи қабри журналисти тоҷик Даврон Ғуфронов, ки бемаҳал аз олам даргузашт, санг гузошта шуд. Ба гуфтаи раиси ИЖТ Зиннатулло Исмоилзода, Даврон бо номи Исо писарчаи 4-сола дорад, ки баъди марги падар ба дастгирӣ ниёз дорад. «Бо ин мақсад ба номи Зайнура Раҳмонова, ҳамсари […]

Бо ташаббуси як гурӯҳе аз рӯзноманигорон ва дастгирии Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) рӯи қабри журналисти тоҷик Даврон Ғуфронов, ки бемаҳал аз олам даргузашт, санг гузошта шуд.

Ба гуфтаи раиси ИЖТ Зиннатулло Исмоилзода, Даврон бо номи Исо писарчаи 4-сола дорад, ки баъди марги падар ба дастгирӣ ниёз дорад.

«Бо ин мақсад ба номи Зайнура Раҳмонова, ҳамсари ҳамкори марҳуми мо суратҳисоби бонкӣ боз шуда, рӯзноманигорон ва дигар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ин оила кумак карда метавонанд», – қайд кард ӯ.

Даврон Ғуфронов 24 сентябри соли равон дар синни 43-солагӣ бармаҳал аз олам даргузашт. Фаъоляти худро ӯ аз радио оғоз намуда, аввали солҳои 2000-ум ба ҳайси шореҳи варзиши ҳафтаномаи “Тоҷикистон” кор мекард. Сипас чандин сол дар ҳамин вазифа дар гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ва баъдан хабаргузории “Озодагон” фаъолият намуд.

Аз ҳамаи касоне, ки ба оилаи ҳамкори марҳуми мо дасти ёрӣ дароз карданианд, хоҳиш мекеунем, ки ба реквизитҳо таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.