Сохтан танҳо барои сохтан?

Пайрав ЧОРШАНБИЕВ, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон нафт нест, лекин бо вуҷуди ин мо барои сохтмони корхонаи коркарди нафт миллионҳо маблағ сарф мекунем.

Ба истифода додани корхонаи бузурги коркарди нафт дар минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и «Данғара» бори навбатӣ мавқуф гузошта мешавад. Намояндагони минтақа сабаби онро «ҳалношуда боқӣ мондани баъзе масъалаҳо» унвон мекунанд, вале коршиносон ба аз лиҳози иқтисодӣ ғайримақсаднок будани чунин иқтидорҳо дар Тоҷикистон, ки ашёи хоми истеҳсоли сӯзишворӣ надорад, ишора мекунанд.

Сохтмони корхонаи коркарди нафт дар МОИ «Данғара» бо иқтидори солонаи 1,2 млн. тонна нафт соли 2014 шурӯъ шуда, ба бунёди он корхонаи муштараки TK-oil-и Тоҷикистону Чин машғул аст, ки аз ҷониби ширкатҳои чинии Dong Ying heli Investment and Development ва «Ҳасан ва Ко»-и Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Ҳанӯз то оғози сохтмон ҳаҷми сармоягузорӣ дар марҳилаи аввал (хати коркарди иқтидори 300 ҳазор тонна нафт дар як сол) дар ҳаҷми 80 млн. доллар эълон шуда, дар марҳилаҳои дуюму сеюм 300-500 млн. доллар маблағ зарур мешавад. Ҳиссаи Чин дар лоиҳа – 90 фоиз ва Тоҷикистон – 10 фоизро ташкил медиҳад.

Нахуст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани навбати аввали корхона охири соли 2015 ба нақша гирифта шуда, баъдан бинокорон тасмим гирифтанд, ки онро ба сифати туҳфа дар ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ (сентябри соли 2016) ба истифода медиҳанд, лекин чизе ҳосил нашуд: санаи ба истифода доданро ба моҳи марти соли 2017 ва сипас моҳи июл мавқуф гузоштанд.

Дар муҳлати таъиншуда низ корхона мавриди истифода қарор нагирифт ва вақти дигар – охири сол эълон шуд, лекин корхона то ҳол ба истифода дода нашудааст.

Дар маъмурияти МОИ «Данғара» дар ин робита изҳор намуданд, ки «баъзе масъалаҳои ҳалталаб мавҷуданд». Сари чӣ сухан меравад, маълум нест.

Маъние надорад

Коршиносон бар ин назаранд, ки мавқуф гузошта шудани муҳлатҳои ба истифода додани корхона ба гумони ғолиб, ба мушкилоти марбут ба таъмини он бо ашёи хоми арзон марбут мебошад.

 

– Аз бори навбатӣ мавқуф гузоштан комилан интизорӣ мерафт, – мегӯяд иқтисодчӣ Зафар Аюбов. – Барои оғози коркарди нафт, бояд пешакӣ онро дар як ҳаҷми муайян захира намуд. Гап сари он аст, ки чунин корхонаҳо маъмулан дар ҷойҳои дорои захираҳои кофии нафт бунёд мешаванд ва кон чӣ қадре наздиктар ба корхона бошад, ҳамон қадр хубтар аст. Вале акнун агар дар қаламрави дур аз конҳо сохта бошанд ҳам, аққалан доир ба бунёди лӯлаи интиқоли нафт чора меандешиданд, то ки истеҳсолот фоидаовар бошад. Тоҷикистон захираҳои зиёди нафт надорад, барои аз дигар кишварҳо кашидани қубур восиатҳои хеле зиёд лозим аст. Аз ин рӯ, бо нақлиёт овардани он лозим меояд. Бо назардошти масофаи роҳ ва боҷи содиротии баланди ашёи хом дар кишварҳои содиркунанда, коркарди он ғайриоқилона мешавад.

Мо санҷидем ва маълум шуд, ки боҷи содиротӣ ба нафти хом дар Русия қариб се маротиба зиёдтар аз боҷ ба маҳсулоти афтии ранга (бензин, авиакеросин, сӯзишвории дизелӣ ва ғайра) мебошад. Агар ба назар гирифта шавад, ки Тоҷикистон маҳсулоти нафтиро аз Русия бар асоси созишномаи байниҳукуматӣ бо меъёри сифри содиротӣ мегирад, пас масъалаи мувофиқи мақсад будани коркарди нафт дар дохили кишвар ҳақиқатан ҳам норавшан боқӣ мемонад.

Миллионҳои беҳуда харҷшуда

Масъалаи сохтмони корхонаҳои коркарди нафт дар Тоҷикистон соли 2010, баъди аз ҷониби Русия ҷорӣ шудани боҷи содиротии гумрукӣ барои ҷумҳурӣ ба миён омаданд. Дар қисматҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба бунёди чандин чунин корхонаҳои иқтидорашон хурду миёна пардохтанд, аммо ин корхонаҳо дар ниҳояти кор мавриди истифода қарор нагирифта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нафтии ватанӣ баръакс коҳиш ёфт.

Ҳамин тариқ ҳаҷми истеҳсоли бензин ва сӯзишвории дизелӣ аз қариб 4 ҳазор тонна дар соли 2010 то ба каме бештар аз 2,8 ҳазор тонна дар соли 2015 кам шуд. Айни замон истеҳсоли ватаниии маҳсулоти нафтӣ ҳамагӣ 0,4 фоиз аз ҳаҷми умумии талаботи кишвар (700 ҳазор тонна)-ро ташкил медиҳад.

Аввали соли 2013 Тоҷикистону Русия доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон созишномаи байниҳукуматӣ ба имзо расониданд. Дар доираи ин санад Тоҷикистон аз Русия ҳамасола то 850 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ мегирад. Талаботи солонаи Тоҷикистон ба маводи сӯзишворӣ 1,5 млн. тонна арзёбӣ мешавад. Амалан кишвар ҳамасола ҳатто ҳаҷми имтиёзноки аз ҷониби Русия ҷудошударо ҳам намегирад, яъне барои кишвар 600-700 ҳазор тонна дар як сол кифоя аст.

Ҳаҷми истихроҷи нафти худӣ дар Тоҷикистон хеле ночиз аст, зеро то ҳол конҳои бузурги нафтугаздор кашф нашудааст. Гузашта аз ин, сол то сол ҳаҷми истихроҷ дар ҳамон конҳои начандон бузург низ коҳиш меёбад.

Тибқи маълумоти расмии оморӣ, соли 1991 ҳаҷми истихроҷи нафт (бо шумули конденсати газӣ) дар Тоҷикистон қариб 110 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Соли 2010 ин нишондиҳанда чор маротиба – то 27 ҳазор тонна ва соли 2015 – то 24 ҳазор тонна поин рафт. Ҳозир аз қаъри заминҳои кишвар ҳар моҳ то 1,9 ҳазор нафт истихроҷ мешавад, ки ҳаҷми солонааш ҳатто ба нишондиҳандаи соли 2015 баробар нахоҳад шуд.    

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...