Пешниҳоди равонаи қисмате аз «андози роҳ» ба буҷетҳои маҳаллӣ

Вакили палатаи поёнии парлумон Ҷаббор Аҳмедов имрӯз зимни ҷаласаи навбатӣ пешниҳод кард, ки маблағи «андози роҳ» натанҳо ба буҷети давлатии Тоҷикистон, ки имрӯз аз ин таҷриба истифода мешавад, балки қисмате аз маблағи он ба буҷетҳои маҳаллӣ ҳам равона гардад. «Роҳҳои маҳаллӣ асосан аз ҳисоби буҷети шаҳру ноҳияҳо таъмир мешаванд, лекин андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард […]

Вакили палатаи поёнии парлумон Ҷаббор Аҳмедов имрӯз зимни ҷаласаи навбатӣ пешниҳод кард, ки маблағи «андози роҳ» натанҳо ба буҷети давлатии Тоҷикистон, ки имрӯз аз ин таҷриба истифода мешавад, балки қисмате аз маблағи он ба буҷетҳои маҳаллӣ ҳам равона гардад.

«Роҳҳои маҳаллӣ асосан аз ҳисоби буҷети шаҳру ноҳияҳо таъмир мешаванд, лекин андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард пурра ба буҷети ҷумҳуриявӣ пардохта мешавад, ки дар навбати худ ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мушкил эҷод мекунад», – иброз дошт вакил.

Ин пешниҳоди вакилро раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров низ дастгирӣ намуд.

Ӯ таъкид дошт, ки зимни омода кардани нишондиҳандаҳои Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2019 пешниҳоди зикршудаи вакилро ба инобат гирифтан зарур аст.

Охири соли гузашта Вазорати молияи ҷумҳурӣ изҳор намуда буд, ки агар соли 2017 андози «роҳ» бекор мешуд, ба буҷети давлатӣ 360 млн. сомонӣ камтар маблағ ворид мегардид. Он замон вазорат пешниҳод кард, ки бекор кардани андози мазкур то аввали соли 2018 мавқуф гузошта шавад.

Вакилони палатаи поёнии парлумон имрӯз қарор карданд, ки андози зикршуда то охири соли 2020 бекор карда намешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.