Соли нав аз 5 нуқтаи Душанбе мушакафканӣ мешавад

Date:

Дар пойтахти Тоҷикистон шаби Соли нав бори нахуст аз 5 нуқта мушакафаканӣ сурат мегирад.

Мушакафкании 4-дақиқаина шаби 31 декабр баъди чорабинии идона, ки аз соати 19:00 то 22:00 доир мегардад, баргузор мешавад.

«5 нуқтаи интихобшуда дар ҳамаи ноҳияҳои пойтахт – Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва маркази шаҳри Душанбе, назди арчаи асосӣ ҷойгир шудааст», – хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз мақомоти шаҳрдории пойтахт.

Ба иттилои манбаъ, дар ноҳияи Шоҳмансур мушакафканӣ (салют) дар майдони «800-солагии Маскав», назди Театри опера ва балет; ноҳияи Исмоили Сомонӣ – дар «Боғи Айнӣ»; ноҳияи Сино – назди Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ; ноҳияи Фирдавсӣ – назди Сирк ва маркази Душанбе – дар миайдони «Дӯстӣ» доир мегардад.

Қобили зикр аст, ки ҳамчунин имсол бори нахуст арчаи солинавӣ дар шаҳри Душанбе се ҳафта пеш аз фарорасии он қомат афрохт. Баландии арчаи соли навии пойтахт 25 метр ва масоҳаташ – 12,5 метрро ташкил медиҳад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...