Огоҳии КҲФ доир ба хавфи тармафароӣ дар роҳҳои кӯҳӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи иттилоъи Агентии обуҳавосанҷии ҷумҳурӣ, аз 28 то 29-уми декабри соли равон роҳҳои кӯҳии мамлакатро хатари лағзиши тарма таҳдид мекунад. «Ҳавои номусоиди ду рӯзи оянда хатар дар роҳҳои куҳиро бештар мекунад, имкони лағзиши тарма, яхбандӣ вуҷуд дошта, дар […]

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи иттилоъи Агентии обуҳавосанҷии ҷумҳурӣ, аз 28 то 29-уми декабри соли равон роҳҳои кӯҳии мамлакатро хатари лағзиши тарма таҳдид мекунад.

«Ҳавои номусоиди ду рӯзи оянда хатар дар роҳҳои куҳиро бештар мекунад, имкони лағзиши тарма, яхбандӣ вуҷуд дошта, дар баъзе манотиқи куҳӣ тумани ғафс роҳҳоро печонад», – қайд мешавад дар маълумоти Кумита.

Гуфта мешавад, дар ин рӯзҳо ронандагон бояд беш аз ҳар вақти дигар эҳтиёткор буда, аз рафтуомадҳои бе зарурат дар роҳҳои куҳӣ худдорӣ намоянд.

Зимнан зикр мегардад, ки омадани тарма ҳаракати ҷаҳонгардон дар роҳҳои куҳӣ ва лижаронии варзишгарон дар ин роҳҳоро ба мушкили бештар рӯ ба рӯ хоҳад кард.

Кумита аз аз сайёҳон ва сокинони кишвар дархост намудааст, ки дар ин рӯзҳо ҳарчи бештар бодиққату эҳтиёткор бошанд.

Дар ҳамин ҳол, дар вилояти Суғд корҳои бартараф сохтани оқибатҳои шамоли пуршиддати шаби 26 ба 27 декабр идома дорад, ки бар асари он зеристгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли барқ, симчӯбҳо осеб дида, дарахтҳо чаппа ва боми чанде аз бинову хонаҳо барканда шуданд ва муддатҳои аввали ин офат аҳолӣ бебарқ низ монда буд. Арчаи солинавӣ дар Хуҷанд низ ба шамолу тунду тез тоб оварда натавонист.

Айни замон дар Хуҷанд ситоди кории рафъи оқибатҳои офати табиӣ амал карда, хадамоти коммуналӣ ва дигар сохторҳои марбутаи шаҳр шабонарӯзӣ баҳри анҷоми ин корҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар барои қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...