Шиносоии раиси пойтахт бо лоиҳаҳои роҳҳои мошингарди нав

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пули навро баъди таъмир мавриди истифода қарор дода, бо лоиҳаҳои роҳҳои нави мошингард шинос шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, Рустами Эмомалӣ ба таври расмӣ пули роҳи оҳан, воқеъ дар хиёбони Саъдии Шерозиро, ки чаҳор ноҳияи пойтахтро ба ҳам мепайвандад, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Лоиҳаи азнавсозии Пули […]

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пули навро баъди таъмир мавриди истифода қарор дода, бо лоиҳаҳои роҳҳои нави мошингард шинос шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, Рустами Эмомалӣ ба таври расмӣ пули роҳи оҳан, воқеъ дар хиёбони Саъдии Шерозиро, ки чаҳор ноҳияи пойтахтро ба ҳам мепайвандад, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Лоиҳаи азнавсозии Пули роҳи оҳан аз ҷониби ҶДММ «Лоиҳаинвест» ва ҶДММ «Зебосоз» тарҳрезӣ гардида, корҳои сохтмонӣ ва васлу насби иншоот аз ҷониби КВД «Роҳи Оҳани Тоҷикистон» бо маблағи 3 миллиону 200 ҳазор сомонӣ амалӣ карда шудааст.

«Дар доираи азнавсозии пули мазкур дар баробари таъмиру тармими хати роҳи оҳан, болои пул бо панҷараҳои мунақкаши оҳанӣ зинат дода шуда, аломатҳои ороишии онро воситаҳои сершумори равшанидиҳанда, ки ранги онҳо ба таври худкор иваз мегардад, зинати иловагӣ мебахшанд», – омадааст дар маълумоти шаҳрдорӣ.

Раиси пойтахи рӯзи 27 декабр ҳамчунин корҳои таъмиру навсозии пули роҳи оҳани воқеъ дар буриши хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, наздикии маҷмаааи «Наврӯзгоҳ» ва маркази савдои «Ёвар» оғози расмӣ бахшид.

Пули мазкур солҳои 20-уми асри гузашта (соли1929) бо дарозии беш аз 67 метр бунёд гардида, бори охир соли 1978 азнавсозӣ шудааст ва бо гузашти солҳои зиёд пул ва иншооти атрофи он таъмирталаб гардидаанд.

Дар ҳамин ҷо ба раиси шаҳри Душанбе лоиҳаи сохтмони 4 иншооти коммуникатсионии шаҳр  – роҳи автомобилгард аз дарвозаи ғарбии шаҳр то маҳаллаи Чортут бо дарозии 7,3 км ва паҳноии 53 то 60 метр бо инобати 8-хати ҳаракат,  роҳи автомобилгарди кӯчаи Ҳабибулло Назаров аз кӯчаи Ҳуснобод то хиёбони Ҳофизи Шерозӣ бо дарозии 1 километр ва паҳноии 25 метр, роҳи автомобилгард аз кӯчаи Соҳилӣ бо баромад ба кӯчаи Низомии Ганҷавӣ бо дарозии 0,94 километр ва паҳноии аз 27 то 43 метр ва роҳи автомобилгард аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то хиёбони Саъдии Шерозӣ ва кӯчаи Қаҳҳоров бо дарозии 0,8 километр ва паҳноии 65 метр муаррифӣ карда шуд.

Гуфта мешавад, маври баҳрабардорӣ қарор гирифтани роҳҳои мазкур ҷиҳати аз байн бурдани танбашавии воситаҳои нақлиёт ва коҳиш додани ҳаракат дар кӯчаҳои марказии шаҳр мусоидат хоҳанд кард.

Зимни шиносоӣ бо ҷузъиёти лоиҳаҳои мазкур, Рустами Эмомалӣ ба масъулини сохторҳои марбута дастур дод, ки дар вақти татбиқи лоиҳаҳо тамоми талаботи технологӣ ва қоидаҳои роҳсозии муосири ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ ба инобат гирифта шуда, зимни  азнавсозии ин ва дигар иншооти коммуникатсионии пойтахт ба тарҳу намуд, сифати иҷрои корҳо ва паҳноии роҳ диққати махсус дода шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.