Дипломати тоҷик дар ҳузури вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон

Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов имрӯз сафирони Қирғизистон – Дониёр Сиддиқов, Тоҷикистон – Содиқ Имомӣ, Турманистон – Шири Шириев ва кордори муваққатии Қазоқистон дар ин кишвар Мурсал-Набӣ Туякбоевро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, вазир ба роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои Осиёи Марказӣ доир ба пешниҳодҳои амалисозии ташаббусҳо бобати рушди ҳамкории бисёрҷабҳаи кишварҳои минтақа, ки аз ҷониби президенти Ӯзбекистон моҳи сентябр дар Маҷмааи Умумии СММ дар Ню-Йорк ва конфронси байнулмилалӣ дар Самарқанд садо доданд, муафассал маълумот дод.

Гуфта мешавад, дар вохӯрии роҳбари идораи сиёсати хориҷии Ӯзбекистон бо дипломатҳои минтақа ҳамчунин доир ба масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн низ табодули назар сурат гирифт.

Ёдрас мекунем, ки зимни суханронӣ дар конфронси байнулмилалӣ дар Самарқанд президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзёев изҳор намуд, ки мардуми минтақаи Осиёи Марказиро  робитаҳои ҳазорсолаи бародариву ҳамҷаворӣ ба ҳам пайвастааст.

«Ояндаи минтақа бо беш аз 70 млн. нафар аҳолиро ҳар кадоме аз кишварҳои минтақа ташаккул дода, омодагӣ ва майли самимӣ ба ҳамкорӣ, ҳамчунин масъулиятшиносии тамоми кишварҳои минтақа ба ояндаи умумӣ – таҳкурсии қавӣ ва кафолати рушди устувор ва пешрафти он шуда метавонанд», – гуфта буд Мирзиёев.

Дар Маҷмааи Умумии СММ дар Ню-Йорк моҳи сентябр Шавкат Мирзиёев қайд кард, ки афзалияти асосии сиёсати хориҷии Ӯзбекистонро имрӯз минтақаи Осиёи Марказӣ муайян мекунад ва кишвараш ба муколама, ҳамкории созанда ва таҳкими ҳамҷаворӣ бо кишварҳо омода аст.

«Бидуни истисно дар ҳама масъалаҳо мо ба созишҳои оқилона бо кишварҳои Осиёи Марказӣ омодаем. Ба туфайли талошҳои муштарак тайи чанд моҳи охир сатҳи эътимоди сиёсӣ хеле боло рафта, аз рӯи бисёр масъалаҳо қарорҳои муҳиму усулӣ қабул шуданд», – таъкид дошта буд Шавкат Мирзиёев.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...