Гузаргоҳи «Панҷакент – Самарқанд» дубора боз мешавад

Дар остонаи ҷашни Наврӯз гузаргоҳи байнулмилалии «Панҷакент – Самарқанд», ки ҳашт сол пеш баста шуда буд, дубора боз мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҳукумат хабар дод, айни замон ҷиҳати ифтитоҳи гузаргоҳ, аз ҷумла ба роҳ мондани фаъолияти назорати марзӣ ва гумрукӣ, барқарор кардани зерсохтори наздисарҳадӣ ва ғайра аз ҳарду ҷониб корҳои […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар остонаи ҷашни Наврӯз гузаргоҳи байнулмилалии «Панҷакент – Самарқанд», ки ҳашт сол пеш баста шуда буд, дубора боз мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҳукумат хабар дод, айни замон ҷиҳати ифтитоҳи гузаргоҳ, аз ҷумла ба роҳ мондани фаъолияти назорати марзӣ ва гумрукӣ, барқарор кардани зерсохтори наздисарҳадӣ ва ғайра аз ҳарду ҷониб корҳои омодагӣ ҷараён доранд.

Бино ба иттилои сомонаи хабаргузории tajikistantimes.tj  бо истинод ба манбаъ дар Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, айни замон барои гумрукчиёни водии Зарафшон дар гузаргоҳи сарҳадии Ҷартеппа – Саразм 10 воҳиди корӣ ҷудо шудааст ва пас аз кушода шудани гузаргоҳ ин 10 нафар ба кор шурӯъ хоҳанд кард.

Ёдрас мекунем, ки Ӯзбекистон ҷониби Тоҷикистонро огоҳ карда буд, ки аз 1 ноябри соли 2010 фаъолияти гузаргоҳи байнулмилалии Саразм дар водии Зарафшони Тоҷикистон ва мавзеи Ҷартеппаи вилояти Самарқанди Ӯзбекистон боздошта мешавад.

Дар номаи ба унвони Тоҷикистон фиристода зикр гардида буд, ки дар ин қитъаи марз ҳам равуои шаҳрвандон ва ҳам боркашионӣ мутаваққиф мегардад. Он замон ҷониби Ӯзбекистон сабаби ин амалро шарҳ надода буд.

Қобили зикр аст, ки имрӯз дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон шабонарӯзӣ ду гузарогоҳи байнулмилалӣ – шаҳри Турсунзода – Сариосиё ва ноҳияи Мастчоҳ – Ойбек амал мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.