Бар асари сангфароӣ роҳи Душанбе – Хоруғ баста шуд

Бар асари сангфароӣ ба роҳ дар қаламрави ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯрообод) ҳаракати нақлиёт тавассути роҳи Душанбе – Хоруғ қатъ шуд. Тавре аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар доданд, сангфароӣ баъзан идома ёфта, аз ин рӯ, корҳои тозакунии роҳ бо назардошти ин ҳолат ҷараён мегиранд. «Мо қариб 50 метри роҳро тоза карда, вале сангфароӣ аз кӯҳ идома […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Бар асари сангфароӣ ба роҳ дар қаламрави ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯрообод) ҳаракати нақлиёт тавассути роҳи Душанбе – Хоруғ қатъ шуд.

Тавре аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар доданд, сангфароӣ баъзан идома ёфта, аз ин рӯ, корҳои тозакунии роҳ бо назардошти ин ҳолат ҷараён мегиранд.

«Мо қариб 50 метри роҳро тоза карда, вале сангфароӣ аз кӯҳ идома ёфт, бинобар ин, корҳои тозакунӣ муваққатан боздошта шуда, вақте сангфароӣ пурра ба охир расад, боз корро давом медиҳем», – гуфтанд дар вазорат.

Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ин робита иттилоъ доданд, ки намояндагони ин ниҳод дар ҷойи ҳодиса барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ машғули коранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.