Суғд: ҳукми 22 соли зиндон барои қатли зани дуюм

Сокини шаҳри Истаравшан Маҷид Бердиеви 57-сола барои қатли бераҳмонаи зани дуюмаш ба 22 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» судяи суди вилояти Суғд, ҳамзамон раиси ин мурофиа Абдуҷаббори Абдуфайёз хабар дод, Бердиев қаблан ба ҷурми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир маҳкум шуда, 12 ноябри соли 2015 ба озодӣ мебарояд. «Маҳкумшуда 20 октябри соли […]

Наим Халимов

Сокини шаҳри Истаравшан Маҷид Бердиеви 57-сола барои қатли бераҳмонаи зани дуюмаш ба 22 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» судяи суди вилояти Суғд, ҳамзамон раиси ин мурофиа Абдуҷаббори Абдуфайёз хабар дод, Бердиев қаблан ба ҷурми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир маҳкум шуда, 12 ноябри соли 2015 ба озодӣ мебарояд.

«Маҳкумшуда 20 октябри соли 2017 ба ҷойи кори ҳамсари пешинааш, ба бозори марказии шаҳри Истаравшан омада, барои аз ҷониби зан рад шудани ҳамзистӣ бо худаш бо корд ба ҷисми зан 19 зарба мезанад, ки дар натиҷа зан дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад», – гуфт судя.

Ба қавли номбурда, зани марҳуми 40-сола дар ломбард кор карда, аз зиндагии якҷоя онҳо духтари 7-сола доштаанд ва замони дар маҳбас қарор доштани Бердиев аз ҳамдигар ҷудо мешаванд.

«Баъди озодӣ мард хостори дубора ҳамзистӣ бо зан мекунад, вале ӯ инро рад карда, мегӯяд, ки ба каси дигар ба шавҳар мебарояд», – илова кард судя.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.