Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ операи Ҷ.Верди «Травиата» намоиш дода мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8196 сомонӣ;

1 евро – 10.5703 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1544 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1839 — Рӯзи ихтирои акс (фотография).

1940 — Таъсиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон.

1986 – Аввалин парвози ҳавопаймои боркаши Ан – 124 («Руслан»).

2002 — Осеб дидани се маҳаллаи аҳолинишин дар мавзеи Роғун бар асари заминларза. Офати табиӣ ҷони 3 нафарро рабуда, 55 нафар ҷароҳат бардоштанд.

2009 — Равияи динии «Салафия» дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ эълон шуд.

2012 — Тоҷикистон ва Эрон 20-умин солгарди роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳоро ҷашн гирифтанд.

1927 — Зодрӯзи доктори улуми ҷуғрофия Қандил Ҷӯраев, собиқ ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Т.Г.Шевченко (феълан Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ), раиси Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ барф меборад, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +1+6; дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона -2+3.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона боришот (борону барф), рӯзона бидуни боришот, баъзан туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +8+13; дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона +4+9.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар ғарби вилоят каме барф борида, дар шарқ аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -9-14, рӯзона -2+3; дар шарқ шабона -22-27, рӯзона -15-17.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ барф меборад, туман.

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +9+14; дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона 0+5.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +12+14.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +6+8.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат.

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +11+13.  

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -10-12, рӯзона -1+1.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...