Ифтитоҳи чойхонаи тоҷикӣ дар Воронеж. Онро «Роҳат» ном гузоштанд

Дар шаҳри Ворнежи Русия соҳибкорон Ҳомидҷон Фазлиев ва Ҷамолиддин Хоҷаев, ки ҳарду зодагони Тоҷикистон буда, муддати зиёдест дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, чойхонаи тоҷикӣ боз намуда, ба ифтихори чойхонаи ҳамном дар Душанбе онро низ «Роҳат» номгузорӣ карданд. Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии намояндагии мқомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, дар чойхона ба […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Ворнежи Русия соҳибкорон Ҳомидҷон Фазлиев ва Ҷамолиддин Хоҷаев, ки ҳарду зодагони Тоҷикистон буда, муддати зиёдест дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, чойхонаи тоҷикӣ боз намуда, ба ифтихори чойхонаи ҳамном дар Душанбе онро низ «Роҳат» номгузорӣ карданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии намояндагии мқомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, дар чойхона ба мизоҷон маҷмӯи зиёди таому хӯрокҳо ва шириниҳои шарқӣ, бахусус тоҷикӣ пешниҳод мегардад.

Ба қавли муассисон, ошпазҳоро махсус аз Тоҷикистон даъват кардаанд, ки устои касби худ мебошанд. Бисёре аз таомҳои пешниҳодшуда, аз қабили лағмону манту, самбуса ва ғайра аллакай писанди мизоҷон шудааст.

Чойхона бо тарзу услуби сохтмон ва нақшу нигори шарқӣ, аз ҷумла кандакории миллӣ дар чӯб, сӯзаниҳо ва сарулибоси миллӣ зебу ороиш дода шуда, бо ворид шудан ба он мизоҷонро гӯё замоне муҳити афсонавии Тоҷикистони офтобрӯя фаро мегирад.

Қобили зикр аст, ки дар марҳилаи аввали фаъолият беш 20 нафар дар чойхона бо ҷойи кор таъмин шудаанд, ки аксарияташон муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон мебошанд.

Соҳибкорон мегӯянд, ифтитоҳи чойхонаи миллӣ натанҳо ба беҳтар шудани вазъи хӯроки умумӣ мусоидат мекунад, балки ба сокинони маҳаллӣ барои шиносоии наздик бо таомҳои миллӣ ва фарҳанги қадимаи тоҷикон шароит фароҳам меоварад.

Дар ҳамин ҳол, бар асоси барномаи навсозии симои Душанбе,  чанд моҳи наздик кӯчонидани  чойхонаи «Роҳат» дар назар аст. Аз ҳисоби заминҳои он васеъ кардани ҳудуди бинои ҳукумати Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Аввали соли гузашта, дар бахши сайру саёҳати сомонаи расмии шабакаи телевизионии CNN чойхонаи «Роҳат»-и шаҳри Душанбе яке аз «дурдонаҳои меъморӣ» ва яке аз чойхонаҳои беҳтарини ҷаҳон номида шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.