Тақдими 30 адад нақлиёт ба шуъбаҳои ёрии таъҷилию тиббии Суғд

Ба шуъбаву стансияҳои ёрии таъҷилию тиббии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 30 адад нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ дастрас карда шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, маросими супоридани нақлиёт имрӯз бо иштироки раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар назди майдони Парчами давлатии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони ба номи […]

Asia-Plus

Ба шуъбаву стансияҳои ёрии таъҷилию тиббии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 30 адад нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ дастрас карда шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, маросими супоридани нақлиёт имрӯз бо иштироки раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар назди майдони Парчами давлатии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви маркази вилоят доир гардид.

Ба гуфтаи раиси вилоят, бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва расонидани кумаки аввалини тиббӣ ба сокинон тасмим гирифта шуд, ки барои муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилоят нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ дастрас карда шавад. Кормандони соҳаи тибро лозим аст, ки дар сурати зарурӣ бо истифодаи автомобилҳо ниёзмандонро саривақт ба беморхонаҳо расонанд.

Изҳори умед карда шуд, ки теъдоди фавт ва таваллуди занон дар хона минбаъд коҳиш меёбад. Ба таъкиди Абдураҳмон Қодирӣ минбаъд низ ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ бо нақлиёт тадбирҳои мушаххас амалӣ хоҳад шуд.

Сипас, муовини раиси вилоят Назира Ғаффорӣ доир ба вазъи соҳаи тандурустии вилоят иттилоъ дода, аз ҷумла қайд намуд, ки давоми солҳои 2016-2017 бо дастгирии роҳбарияти вилоят ба муассисаҳои тиббӣ 25 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ дастрас гардида буд ва ҳоло дар муассисаҳои тиббӣ 109 адад нақлиёт мавҷуд аст. Бо назардошти муҳимияти ҳифзи саломатии мардум бо қарори Раиси вилояти Суғд 1,4 миллион сомонӣ маблағ ҷудо ва 30 адад автомобилҳои тамғаи "Хундай Старекс" харидорӣ карда шуд. Нақлиётҳо тавассути ҶДММ "Ситора 555", ки дар тендер ғолиб омадааст, ворид карда шуда, давоми ду сол ройгон таъмир карда мешавад.

Дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Раиси вилоят ба сардухтурони беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят калид ва шиносномаҳои техникии нақлиёти ёрии таъҷилӣ супорида шуд. Ҳамин тариқ, ба муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои Панҷакент 4 адад, Бобоҷон Ғафуров 3 адад, Хуҷанд 3 адад, Шаҳристон 1 адад, Конибодом 2 адад, Истаравшан 3 адад, Мастчоҳ 2 адад, Спитамен 2 адад, Куҳистони Мастчоҳ 1 адад, Истиқлол 1 адад, Бустон 1 адад, Зафаробод 2 адад, Деваштич 3 адад, Ҷаббор Расулов 1 адад ва беморхонаи минтақавии Зарафшон, ки барои сокинони водии Яғноб хизмати тиббӣ мерасонад, 1 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ супорида шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.