Ҷоизаи озмуни байнулмилалӣ ба рассомдухтари хуҷандӣ

Микаэлла Посписилова, муовини сафири Чехия дар Тоҷикистон вз мактаби рассомии бачагонаи шаҳри Хуҷанд боздид намуда, ба толибилми ҳамин мактаб, ғолиби озмуни байналмилалӣ Нигина Азимова диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, Микаэлла Посписилова аз намоиши корҳои эҷодиёти хонандагони мактаби рассомии бачагонаи шаҳри Хуҷанд шиносоӣ пайдо намуда, ба ҳунару […]

Asia-Plus

Микаэлла Посписилова, муовини сафири Чехия дар Тоҷикистон вз мактаби рассомии бачагонаи шаҳри Хуҷанд боздид намуда, ба толибилми ҳамин мактаб, ғолиби озмуни байналмилалӣ Нигина Азимова диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, Микаэлла Посписилова аз намоиши корҳои эҷодиёти хонандагони мактаби рассомии бачагонаи шаҳри Хуҷанд шиносоӣ пайдо намуда, ба ҳунару истеъдоди муҳассилин мароқ зоҳир кард.

Гуфта мешавад, муовини сафир зимни супоридани тӯҳфа ва дипломи озмун таъкид дошт, ки минбаъд низ хонандагони мактаби рассомии шаҳри Хуҷанд бо офаридаҳои нотакрори худ дар озмунҳои байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, шарафи Тоҷикистонро боло мебардоранд.

 

Зимнан зикр мегардад, ки маъмурияти мактаби рассомии бачагонаи шаҳри Хуҷанд аз қадршиносии муҳассили хеш дар озмуни байналмилалӣ аз ҷониби муовини сафири Чехия хушнудӣ намуда, изҳор доштанд, ки дар оянда низ дар тарбияи чунин соҳибистеъдодҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.